Пулис ду навҷавонро ба занни рабудани як худрав боздошт кард
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ду донишомӯзи мактаби ҳамагонӣ дар шарқи ин кишварро ба занни сирқати худрави як сокин боздошт кардаанд.
Торнамои расмии ин ниҳод рӯзи панҷшанбеи 3 июл хабар дод, ки ин ду навҷавон ба дунболи ироаи шикояти як сокини Нурообод аз сирқати худраваш боздошт шудаанд.
Тақдир Исмоъилов, як сокини ин ноҳия, шикоят карда, ки худрави ӯ соъати 21:30 дақиқаи рӯзи 1 июл аз назди манзили маскунияш рабуда шудааст. Кормандони пулиси ин ноҳия рӯзи дигар ин донишомӯзони мактабро боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 1 июл пулис ҳамчунин аз боздошти як донишомӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон иттилоъ дода буд. Ин навҷавон ба сирқати пул ва телефуни ҳамроҳ аз дохили як худрав муттаҳам шудааст.
Коршиносон мегӯянд, ки ахиран мавориди даст задани навҷавонон ба ҷароими мухталиф дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
