Пулиси Тоҷикистон аз боздошти зане ба гумони қатли кӯдакаш хабар дод

  • 1 Июл, 2014
ЧоқуImage copyrightBBC World Service
Image caption Пулис занеро ба занни қатли духтарбачааш боздошт кардааст

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони пулис як зани сокин дар шаҳри Душанберо ба занни қатли фаҷеъи кӯдакаш боздошт кардаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин вазорат, ки баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 30 июн пахш шуд, зани боздоштшуда модари духтарбачае 6-сола буда ва муттамҳам шуда, ки кӯдакро ба таври фаҷеъ ба қатл расондааст.

Кормандони ин ниҳод ҳанӯз ангезаҳои ин қатлро мушаххас накардаанд, вале мегӯянд, ки Зиёдагул Шарипова, зани боздоштшуда, муттаҳам ба ин шуда, ки ҷасади кӯдакро ба роҳрави яке аз манозили маскунӣ андохтааст.

Пулис дар робита ба ин қазия тибқи моддаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқи он идома дорад.

Аммо аз натоиҷи таҳқиқи муқаддамотӣ чунин бармеояд, ки Зиёдагул Шарипова рӯзи 30 июн духтари худ Мадина Шариповаро аз кӯдакистони шабонарӯзии шумораи 2-и шаҳри Душане бо додани забонхат гирифтааст.

Баъд аз чанде дар фосилае аз ин кӯдакистон, дар хиёбони Фединаи шаҳри Душанбе, ҷасади кӯдак пайдо шудааст, ки сари ӯ бо чоқу аз тан ҷудо шуда буд.

Пулис мегӯяд, ки кормандони интизомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъд аз 20-дақиқаи вуқӯъи ин воқеъа ин занро боздошт кардаанд. Ҳамчунин, пизишкон машғули таҳқиқи вазъияти равонии ин зан будаанд.

Мавориди қатли кӯдакон аз сӯйи модаронашон дар Тоҷикистон банудрат мушоҳида шуда, вале дар гузашта кормандони интизомӣ аз мавориди қатли фарзандон аз сӯйи падарон хабар додаанд.

Дар соли 2012 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як падари 72-сола боздошт шуд. Вай муттаҳам ба ин шуда буд, ки дар ҳолати мастӣ писари худро бо чоқу ба қатл расондааст. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои иртикоби қатл аз 12 то 15 сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.

Матолиби муртабит