Ташкили фоҳишахона дар манзили маскунӣ дар шаҳри Душанбе

  • 27 Июн, 2014

Пулис аз боздошти як ҷавони 27-сола ба занни ташкили фоҳишахона дар манзили маскуниаш дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хабар додааст.

Тибқи иттилоъи торномаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин сокин, манзили маскунии худ воқеъ дар хиёбони Клара Сеткинаи ноҳияи Фирдавсии пойтахти ин кишварро барои мулоқоти шабонарӯзӣ дар ихтиёри сокинон мегузоштааст.

Дар ин хабар, ки баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 26 июн пахш шудааст, омадааст, ки пулис ӯро, рӯзи 24 июн замоне боздошт кардааст, ки вай аз ду сокини ҷавон барои истифода аз манзилаш барои алоқаи ҷинсӣ 180-сомонӣ ситонидааст.

Кормандони вазорат мегӯянд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноиро боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд. Дар як моҳи ахир пулис дар ин кишвар аз боздошти шумори зиёде аз сокинон дар манотиқи мухталифии ин кишвар барои ташкили фоҳишахонаҳо иттилоъ пахш кардааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти вижа дар моҳи ҷорӣ, пулис аз боздошти беш аз 500 нафар аз руспиён хабар дода буд.