Пулис се мазнуни дигар дар қатли як навҷавонро боздошт кард
Кормандони пулис мегӯянд, ки дар ҷараёни таҳқиқи воқеъаи қатли як ноболиғ, ки дар задухӯрд миёни ҷавонон дар шаҳри Душанбе кушта шуд, се нафари дигар аз мазнунонро боздошт кардаанд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сойти расмии худ менависад, ки ин афрод аз ҷумлаи ҷавонони 19 ва 20-солаи шаҳри Душанбе ҳастанд.
Кормандони пулис ҳувияти ин афродро низ мушаххас карда ва мегӯянд, ки Фарҳод Раъуфов, Фазлиддин Сатторов ва Баҳодур Раҳимов, се сокини бекори шаҳр, дар задухӯрди миёни навҷавонон, кии шоми 30 май дар хиёбони мавсум ба Алишер Навоии ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон рух дод, ширкат кардаанд.
Дар ин задухӯрд Бурҳониддин Зарипов, як донишомӯзи клоси 11-уми мактаби ҳамагонӣ аз ноҳияи шикам захмӣ шуда ва дар асари он ҷони худро аз даст додааст.
Қаблан кормандони пулис аз боздошти 10 нафар аз муттаҳамони ин ҷурм, ки нуҳ нафар аз онҳо шогирдони мактабҳои ҳамагонии шаҳри Душанбе буданд, иттилоъ дода буд.
Ин нахустин бор нест, ки дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе миёни ноболиғон ва шогирдони макотиби ҳамагонӣ задухӯрдҳои дастаҷамъона сар мезанад ва дар ҷараёни он иддае аз ноболиғон захмӣ ва кушта мешаванд.
