Боздошти нӯҳ шогирди макотиб ба занни қатли як ноболиғ
Image copyrightBBC World ServiceВазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки даҳ нафар аз сокинони шаҳри Душанберо ба занни лату кӯб ва қатли як шогирди мактаби ҳамагонӣ дар ин шаҳри боздошт кардааст.
Тибқи хабари сойти расмии ин вазорат,ки рӯзи душанбеи 2 июн ба нашр расидааст, дар миёни ин афрод як сокини 19-сола буда ва боқимонда аз онҳоро шогирдони макотиби ҳамагонӣ ва литсейҳои ин шаҳр ташкил медиҳанд.
Боздошти ин афрод дар пайи лату кӯб ва шадидан захмӣ шудани писари 17-солаи Шамсиддин Зарипов, сокини шаҳри Душанбе ва бурдани шикоят аз сӯйи оқои Шарипов дар мавриди ҷон додани писараш сурат мегирад.
Тибқи хабари пулис оқои Зарипов дар шикояти худ овардааст, ки рӯзи 30 май як гурӯҳе аз афроди номаълум писари ӯро, ки шогирди соли 11 таҳсили мактаби ҳамагонӣ будааст, шадидан лату кӯб карда ва қисмати шиками ӯро пора карда ва аз ҷои воқеъа фирор мекунанд. Дар натиҷаи ҷароҳати сангини шикам ин ноболиғ дар бемористон ҷони худро аз даст додааст.
Кормандони пулис мегӯянд, ки дар пайи ин воқеъа гурӯҳи фаврӣ ҷустӯҷӯйиро таъсис дода ва рӯзи 31 май Баҳрулло Асоев, сокини шаҳри Душанбе мутаваллуди соли 1995-ро ҳамроҳ бо нӯҳ нафар аз ноболиғони аз 17 то 18-сола боздошт кардаанд.
Кормандони пулис аз ҷавонон даъват кардааст, ки аз эъмоли хушунат алайҳи ҳамдигар даст кашанд.
Ин дар ҳолест, ки дар панҷ соли ахир афзоиши задухӯрди ноболиғон ба як мавзӯъи доғе дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар авосити моҳи феврали соли ҷорӣ низ кормандони интизомӣ аз задухӯрди миёни шогирдони аз 16 то 18-солаи макотиби ҳамагонии шумораҳои 59 ва 32 шаҳри Душанбе хабар дода буданд. Дар он задухӯрд низ як ноболиғ шадидан захмӣ шуда ва панҷ шаш навҷавони дигар боздошт шуда буданд.
Аз сӯйи дигар коршиносон аз афзоиши ҷароим, аз ҷумла сирқат ва авбошӣ дар миёни ноболиғон дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи солиӣ ҷорӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ба гуфтаи иддае аз онҳо, яке аз сабабҳои сар задани задухӯрдҳо миёни ноболиғон ва даст задани иддае аз онҳо ба ҷароим адами назорат бар кӯдакон ва навҷавонон аз сӯйи иддаи зиёди волидон дар Тоҷикистон мебошад.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар зиндон барои ноболиғон дар Тоҷикистон ҳудуди 60 нафар аз кӯдакон ва навҷавонони зери 18-сола барои содир кардани ҷароими мухталиф зиндонӣ ҳастанд.
