Боздошти се ҷавони ноболиғ ба занни сирқат дар Кӯлобу Рашт

  • 31 Март, 2014
ДастбандImage copyrightReuters
Image caption Тайи як ҳафтаи ахир пулис чаҳор нафар аз афроди ноболиғро ба занни иртикоби ҷароими мухталиф боздошт кардааст

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ахиран се нафар аз сокинони зери синни 18-ро ба занни сирқат дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, ки рӯзи душанбеи 31 март пахш шудааст, ду нафар аз ҷавонони 17-сола ба иттиҳоми сирқати амволи як зан дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон боздошт шудаанд.

Пулис мегӯяд, ки ин ду фардро бо ҳамроҳии як сокини дигари 20-солаи ин шаҳр дар амалиёти вижае ба дунболи шикояти як зан аз воқеъаи дӯздии амвол аз манзили маскунияш боздошт кардаанд.

Дар робита бо ин воқеъа пулиси вилояти Хатлон бо такя ба моддаи 244-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ба иттиҳоми сирқат парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқи он идома дорад.

Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои даст задан ба ин ҷурм аз се то панҷ сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Вале бо таваҷҷуҳ ба ноболиғ будани ду тан аз ин афрод эҳтимол дорад, имкони коҳиши ҷазо вуҷуд дорад.

Дар хабари дигари вазорати умури дохилаи Тоҷикистон омада, ки кормандони пулис дар водии Рашт ҷавони 16-солаеро барои дуздии утумубил боздошт кардаанд.

Пулис ҳувияти ин ҷавонро низ ошкор карда ва мегӯяд, ки вай утумубилро аз назди манзили маскунии Иззатулло Мирзоев, ки мошинро бидуни назорат гузошта буд, ба сирқат бурдааст.

Тайи як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон пулис чаҳор нафар аз сокинони ноболиғро ба занни иртикоби ҷароими мухталиф боздошт кардааст. Қаблан кормандони пулис аз боздошти як ҷавони 16-сола дар вилояти Суғд хабар дода буданд, ки ба сирқати компютер аз як мағоза муттаҳам шуда буд.

Коршиносони умури иҷтимоъӣ мегӯянд, ки ахиран мавориди даст задани ноболиғон ба ҷароими мухталиф дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Бисёре аз ҳуқуқдонҳо бекории ҷавонон, камбизоъатии хонаводаҳо ва паст будани сатҳи омӯзишу парвариш дар Тоҷикистонро аз далоили афзоиши сатҳи ҷароим дар миёни ноболиғон ва ҷавонон арзёбӣ кардаанд.

Матолиби муртабит