Боздошти ноболиғон ба занни сирқат дар вилояти Хатлон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ноболиғи вилояти Хатлон ба занни сирқат хабар додааст.
Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, ду нафар аз шогирдони мактаби ҳамагонӣ дар ноҳияи панҷи ин вилоят дар сирқати фановарии маъишӣ аз мағозаи як соҳибкоре муттаҳам ҳастанд.
Ҳарчанд масъулони ин вазорат ҳуввияти ин ноболиғонро муъайян накардаанд, вале хабар дода шудааст, ки онҳо дар ҷараёни як амалиёти вижаи пулис дар пайи ироаи шикояти соҳиби мағоза аз мавориди дӯздии амволаш боздошт шудаанд.
Боздошти ин ду шогирди мактаби ҳамагонӣ аз сӯйи пулис дар ҳолест, ки коршиносони иҷтимоъӣ аз афзоиши иртикоби ҷароими мухталиф аз сӯйи ҷавонон ва ноболиғон дар Тоҷикистон дар як соли ахир нигаронӣ мекунанд.
Дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ кормандони пулис аз боздошти чор нафар аз ноболиғон ба занни сирқат иттилоъ дода буданд. Ҳамчунин чанде пеш як фарди ноболиғ дар водии Рашт барои дӯздии утумубили хусусӣ боздошт шуда буд.
