Боздошти панҷ ноболиғ ба занни сирқат
Кормандони пулис аз боздошти панҷ нафар аз кӯдакони аз 13 то 17-сола ба занни сирқат дар шаҳри Душанбе ва манотиқи мухталифи Тоҷикистон хабар додаанд.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин кӯдакон, ки ҳамаи онҳоро шогирдони макотиби ҳамагонӣ ташкил медиҳанд, дар тӯли як рӯз боздошт шудаанд.
Дар ин иттилоъ, ки рӯзи душанбеи 19 май мунташир шудааст, омадааст, ки ҷавонтарини аз ин кӯдакон хонандагони клоси 6-уми мактаб буда ва ҳамагӣ 13-сол доштаанд.
Ду нафар аз навҷавонон дар дуздидани кафтарҳо ва ду нафари дигар дар ба сирқат бурдани фановарии маъишӣ аз манзили маскунӣ ва мағоза муттаҳам шудаанд. Ҳамчунин, яке дигар аз кӯдакони 15-сола, ки дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон аз сӯйи пулис боздошт шудааст, дар дуздии ҷавоҳирот аз манзили маскунии як сокин муттаҳам дониста шудааст.
Дар ҳамин ҳол бисёре аз ҳуқуқдонҳо бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши ҷароим миёни кӯдакон ва ноболиғон яке аз сабабҳои сар задани ҷароим дар миёни ин қишри ҷомеъаро камбизоъатии бисёре аз хонаводаҳо унвон мекунанд.
Ба гуфтаи иддае аз дигаре аз коршиносон сатҳи пасти таҳсил дар макотиби ҳамагонӣ ва назорати нокофии волидон ба фарзандон дар Тоҷикистон авомили дигари афзоиши ҷароим дар миёни кӯдакон ва навҷавонон будааст.
