Боздошти як ҷавон ба занни “ҳамхобагӣ” бо духтаре 13-сола дар Тоҷикистон

  • 2 Июл, 2014

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки як ҷавони 24-соларо ба занни “ҳамхобагӣ” бо духтаре 13-сола боздошт кардаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, ин ҷавон сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда ва пулис аз ӯ Ш. Шарифов ном бурдааст.

Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотии ин қазия, оқои Шарифов муттаҳам шуда, ки ин духтарро, ки низ сокини ноҳияи Рӯдакӣ аст, ба манзили кирояи худ дар шаҳри Душанбе бурда ва бо ӯ ҳамхоба шудааст.

Пулис оқои Шарифовро баъд аз дарёфти шикояти волидони духтар боздошт карда ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 141-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаст.

Ин қонун барои “ҳамхобагӣ” бо фарде ноболиғ аз ду то панҷ сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.