Пулиси Тоҷикистон навҷавонеро ба занни таҷовуз ба хоҳараш боздошт кард
Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки алайҳи як ҷавон ба занни таҷовуз ба номуси хоҳари ноболиғаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Торнамои ин вазорат рӯзи сешанбеи 15 июл хабар дод, ки ин ҷавон як сокини 16-солаи ноҳияи Рашт, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, будааст. Кормандони пулис ӯро рӯзи 14-уми июл боздошт кардаанд ва таҳқиқи ин парванда идома дорад.
Тибқи натоиҷи таҳқиқи муқаддамотӣ, ин ҷавон муттаҳам аст, ки аз пойизи соли гузашта чандин маротиба ба номуси хоҳари 15-солаи худ таҷовуз кардааст.
Дар ин хабар наомада, ки чаро ин ҷурм аз назари аъзои хонаводаи ин ду ҷавон, аз ҷумла волидони онҳо, пинҳон мондааст. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои иртикоби чунин ҷурме аз ду то панҷ сол маҳкумият ба зиндонро муқаррар кардааст.
