Боздошти як табаъаи тоҷик ба занни ришвадиҳӣ дар Русия

  • 11 Июл, 2014

Идораи бозҷӯйии Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Тулаи он кишвар ба занни ришвадиҳӣ хабар дод.

Тавре ки торнамои ин ниҳод хабар медиҳад, ин табаъаи Тоҷикистон ба масъулони пулис 660 рубли русӣ дар изои озод кардани худ аз масъулият пешниҳод кардааст.

Пулиси рус ҳувияти ин фардро эълом накарда, вале навиштааст, ки ин сокини 30-солаи Тоҷикистон ба занни нақзи муқаррароти иқомат дар Русия аз сӯйи кормандони интизомӣ боздошт шуда буд.

Ҳамакнун алайҳи ӯ тибқи Қонуни кайфарии Русия ба иттиҳоми ришвадиҳӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Алексини вилояти Тула фиристода шудааст.

Аз аввали соли ҷорӣ дар Русия шумори зиёде аз сокинони Тоҷикистон, аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ, ба занни додани ришва ба кормандони интизомӣ боздошт ва муҷозот шудаанд.

Коршиносон мегӯянд, ки баъд аз ҷорӣ шудани муқаррароти ҷадиди сабти иқомат дар Русия бисёре аз муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти сабти расмӣ ва макони иқомат бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд.