Додситонии Русия як шаҳрвандаи Тоҷикистон ба ватан истирдод кард
Масъулони Додситонии Русия мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои тақаллуб дар кишвараш муттаҳам будааст, ба ватан истирдод кардаанд.
Дар торнамои ин ниҳод, рӯзи душанбеи 14 июл омада, ки ин табаъаи Тоҷикистон ҳудуди се сол аз сӯйи кормандони интизомии Тоҷикистон ҷустуҷӯй мешудааст.
Пулиси Тоҷикистон Набиҷон Деҳқоновро барои тақаллубкорӣ ва аз худ кардани маблағи зиёд дар пайгарди қонунӣ қарор додааст.
Дар иттилоъияи додситонӣ омадааст, ки таҳқиқоти пулиси тоҷик мушаххас кардааст, ки оқои Деҳқонов, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст, бо роҳи фиреб ва омода кардани мадорики тақаллубӣ беш аз 21 аҳзор дулорро аз худ кардааст.
Вай дар солҳои 2009 ва 2010 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар изои ин пул ба мардум ваъдаи қитаъоти заминро карда, вале бо дарёфти сармоя ба Русия фирор кардааст.
Пулиси рус Набиҷон Деҳқоновро дар тобистони соли 2013 дар шимоли шаҳри Маскав, пойтахти Русия боздошт кардааст.
