Боздошти корманди ташхиси пизишки қонунӣ ба занни ришвахорӣ
Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди бахши ташхиси пизишки қонунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии ин кишвар ба занни ришвахорӣ хабар додаанд.
Тибқи хабари торнамои ин ниҳод, Хуршед Файзалиев барои талаби ду ҳазор дулор ришва аз як сокини Тоҷикистон барои "ҳалли мушкили" ин сокин муттаҳам шудааст.
Кормандони ожонсӣ дар робита ба ин воқеъа тибқи моддаҳои 32 ва 319-и қонуни кайфарии Тоҷикистон яъне "омодасозӣ ва талош барои иртикоби ҷурм ва ришвахорӣ” парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.
Таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки оқои Файзалиев барои додани гувоҳинома дар мавриди расонидани зарари ҷисмонӣ аз Т.Ҳалимов, сокини Тоҷикистон пул талаб кардааст. Кормандони ин ниҳод вайро ҳангоме боздошт кардаанд, ки ӯ маблағи як ҳазору 500 дулорро дар дафтари кории худ аз ин сокини мегирифтааст.
Ду ҳафта қабл кормандони ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар аз боздошти як омӯзгори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон барои гирифтани ду ҳазор дулор хабар дода буданд.
