Боздошти устоди донишгоҳ ба занни ришвахорӣ
Кормандони пулис аз боздошти як устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, барои ришвахорӣ хабар додаанд.
Тавре, ки дар торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи душанбе 21 июл омадааст, Олимҷон Тӯйчиев ба иттиҳоми тақозои 600 дулор аз се довталаб барои пазироӣ ба ин донишгоҳ боздошт шудааст.
Таҳқиқоти муқаддамотии пулис ҳокист, ки оқои Тӯйчиев қасд доштааст, ки се нафар аз ҷавонони шаҳри Хуҷандро дар изои ин маблағ ба донишгоҳ ворид кунад.
Кормандони пулис ӯро дар назди манзили маскуниаш дар ин шаҳр ҳангоми гирифтани пул аз ин се нафар ҷавон боздошт кардаанд.
Ҳамакнун кормандони пулис тибқи моддаи 319-и қонуни кайфарии Тоҷикистон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда ва машғули таҳқиқоти ин воқеъав ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳафтаи гузашта кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як устоди Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон барои гирифтани 11 ҳазор дулор ришва аз як довталаб ба ин донишгоҳ хабар дода буданд.
