Боздошти марде ба занни қатли модараш дар Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як мард ба занни қатли модараш хабар дод.
Торнамои ин ниҳод рӯзи сешанбеи 29 июл нивишт, ки ин марди 35-сола сокини ноҳияи Турсунзода, дар ғарби Тоҷикистон, будааст, ки аз ӯ Отабек Давронов ном бурда мешавад.
Ӯ муттаҳам шуда, ки бо зарби чоқу модари 58-солаи худро ба қатл расонда ва холаи худро захмӣ кардааст.
Дар натиҷа Ҳ. Давронова, модари фарти мазнун, аз ноҳияи қалб ҷароҳат бардошта ва ҷони худро аз даст додааст. Сабаби ин воқеъаро пулис муноқишаи хонаводагӣ хонда, вале ангезаҳои ин муноқиша рӯшан нест.
Пулис мегӯяд, ки оқои Давронов баъд аз ин воқеъа бо чоқу ба шиками худ низ заработе ворид карда ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Дар бораи ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои иртикоби қатл муҷозоти 12 то 15 сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.
