Боздошти як сокини Варзоб ба занни “ҳамхобагӣ” бо як духтари зери синни қонунӣ
Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини ҷавони ин кишвар ба занни ҳамхобагӣ бо як духтари зери синни қонунӣ хабар додаанд.
Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод аз рӯзи чаҳоршанбеи 23 июл, ин сокини 19-солаи ноҳияи Варзоб бо як духтари 14-сола бо вуҷуди он ки медониста, ки духтар ҳанӯз ба синни қонунӣ нарасида, ҳамхоба шудааст.
Пулис дар робита бо ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас карда, ки ин ҷавон дар моҳи июни соли равон ин духтарро, ки сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд будааст, ба манзили маскунии худ бурда ва бо ӯ робитаи ҷинсӣ кардааст.
Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои “ҳамхобагӣ” бо фарди зери синни қонунӣ муҷозоти аз ду то панҷ сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.
