Боздошти як мард ба занни таҷовуз ба номуси арӯсаш
Image copyrightBBC World ServiceПулис мегӯяд, ки як мард дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба занни таҷовуз ба номуси арӯсаш боздошт шудааст.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ин марди 65-сола ба номуси зани32-солаи писараш чандин бор таҷовуз кардааст.
Дар ин хабар ҳуввияти ин мард низ мушаххас шуда ва пулис аз ӯ Х,Ҷумахмедов ном гирифтааст.
Кормандони вазорати умури дохила мегӯянд, ки ахиран онҳо мубориза бо он чи ки пулис онро “бадахлоқӣ” дар ҷомеъа медонад, тақвият бахшидаанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири ин ниҳод дар нишасти матбӯъотии ин вазорат, ки авохири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз сӯйи кормандони ин ниҳод 593 ҷинояти ба истилоҳ бадахлоқӣ дар ҷомеъа ва 194 мавриди ташкили фоҳишахонаҳо ва даллагӣ дар ин кишвар ифшо шудааст.
Оқои Раҳимзода ҳамчунин мегӯяд, ки дар ин давра, пулис як ҳазору 777 нафар аз руспиёнро боздошт ва сабт кардаанд, ки 30 нафар аз онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд. Вай афзуд, ки ин омор дар муқоиса ба давраи мушобеҳ дар соли 2013 беш аз 500 нафар афзоиш ёфтааст.
Оқои Раҳимзода мегӯяд: “Танҳо дар тӯли як моҳ, яъне, аз якуми июн то шашуми июл дар натиҷаи гузаронидани амалиёти вижае бо номи “Притон” беш аз 200 ҷароими бадахлоқӣ ошкор шудааст.”
Аммо вай мегӯяд, ки кормандони пулис дар қиболи фоҳишаҳо тибқи моддаҳои 119, 130 ва 464, яъне нақзи муқарроти ҷамъиятӣ танҳо аз пардохти ҷарима кор мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки Афви Байналмилал, як созмони муътабари мудофеъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба таъқиби афроди муттаҳам ба “ҷароими ахлоқӣ” дар ин кишвар хотима диҳанд.
Масъулони ин созмон гуфтаанд, ки пулис дар Тоҷикистон аз 6 июн беш аз 500 нафар аз сокинонро ба занни русипигарӣ ё ироаи хадамоти ҷинсӣ боздошт кардаанд, ки як зани ҳомила ва се мард ҳам ба занни ҳамҷинсгароӣ боздошт шудаанд.
Ҳамчунин, ин созмон чандин иттилоъро дар мавриди таҷовуз шудани чанде аз боздоштшудагон аз сӯйи пулис дарёфт карда ва мегӯяд, пулис дар изои озодӣ аз онҳо дархости ҳамхобагӣ кардааст.
