Пулис панҷ тарҳи 'амали теруристӣ' дар Турсунзодаро хунсо кардааст

  • 18 Июл, 2014

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон панҷ талош барои анҷоми амали теруристӣ хунсо шуда ва ҳафт нафар аз сокинон ба занни даст доштан дар тарроҳии ин амалиётҳо боздошт шудаанд.

Сафиуллоҳ Девонаев, як масъули вазорати кишвари Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 18 июл гуфт, ки ин афрод ба тарроҳии инфиҷор дар корхонаи “Талко” ва сохтмони ҳукумати шаҳри Турсунзода муттаҳам шудаанд.

Вай афзуд, ки ин ҳафт нафар аз сокинон қасд доштанд сохтмонҳои додситонӣ ва пулис дар шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 60-килуметрии ғарби пойтахти Тҷоикистонро, низ мунфаҷир кунанд.

Ба гуфтаи оқои Девонаев, ҳамаи онҳо дар урдӯгоҳҳои теруристӣ дар кишварҳои хориҷӣ омӯзиш дидаанд.

Аз сӯйи дигар, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар нишасти мутбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки дар шаш моҳи ахир 30 нафар аз афроди муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои мухталифи теруристӣ ва тундрав боздошт шудаанд.

Оқои Раҳимзода мегӯяд, ки аз ин шумора панҷ нафар ба доштани иртибот бо Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва 12 нафар бо Ҷамоъати “Ансоруллоҳ” муттаҳам шудаанд. Ӯ афзуд, ки се нафар аз ҷумлаи 30 нафари боздоштшуда мазнун дар узвият дар ҷунбиши Толибон ҳастанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, ду нафари дигар ба узвият дар як гурӯҳи ҷиноӣ дар Эрон, ҳафт нафар ба узвият дар гурӯҳе бо номи “Мусалмонони солеҳ” ва як нафар ба узвият дар гурӯҳи “Ҷабҳат-ун-нусра” муттаҳаманд. Дар миёни ин афрод 18 нафар ба пайравӣ аз ҷараёни гурӯҳи Салафия муттаҳам шудаанд.