Боздошти гурӯҳе аз ноболиғон
Пулис аз боздошти шаш нафар аз ноболиғон барои задухӯрд миёни ҳамдигар дар як мактаби ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин задухӯрд, ҳафтаи гузашта дар муҳоватаи яке аз макотиби ҳамагонии дар пойтахти Тоҷикистон рух додааст.
Ҳамаи ноболиғони боздоштшуда шогирдони клоси 11-уми мактаб буда ва ангезаи ин задухӯрд маълум набудааст.
Ин нахустин бор нест, ки шогирдони макотиби ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои дигари ин кишвар даст ба задухӯрдҳои дастаҷамъона мезананд.
Дар авоили ҳафтаи гузашта кормандони пулис аз боздошти як гурӯҳе аз сокинони ҷавон шаҳри Хуҷанд барои задухӯрди ҷамъӣ хабар дода буданд.
Ҳамчунин, дар баҳори соли ҷорӣ дар натиҷаи чунин ҳодиса шогирди клоси 11-уми яке аз макотиби ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе ба қатл расида буд.
