Тамриноти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар кӯҳистони Ромит
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз баргузории тамриноти вижаи маъмурони ниҳодҳои интизомии ин кишвар бо номи “Мағоб-2014” хабар доданд.
Ин тамринот рӯзи душанбеи 27 октябр дар як мантақаи кӯҳистонӣ дар ноҳияи Ваҳдат, дар 30-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе, доир шуда ва ҳадаф аз он муборизаи муштараки кормандони интизомӣ бо терурисм ва ифротгароӣ дар шароити кӯҳистонӣ хонда шудааст.
Торнамои вазорати умури дохилии Тоҷикистон нивишта, ки дар ин тамринот гурӯҳи зудъамалм мавсум ба "Олфо"-и вазорати кишвар, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва афсарони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири ин кишвар ширкат кардаанд.
Кормандони интизомӣ дар ҷараёни тамринот бо истифода аз фанновариҳо ва лавозими низомӣ амалиёти аз миён бурдани "душмани эҳтимолӣ" дар шаротити душвори кӯҳистониро тамрин кардаанд.
Роҳандозони ин тамринот дар дараи Ромит дар зери боду борони шадид ва меҳ дар кӯҳистон доир шуда, то маҳорати афсарон ва кормандони ин ниҳодҳо дар чунин шароит сарҷида шавад.
Женерол Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, бар ҷараёни тамриноти кормандони интизомӣ назорат карда ва тавре ки торнамои ин ниҳод менависад, оқои Раҳимзода аз натиҷаи ин тамринот ибрози ризоят кардааст.
Дар поёни тамринот вазири дохила ба иддае аз афсароне, ки дар омода кардан ва баргузории ин тамринот саҳим будаанд, нишонҳои ифтихорӣ эъто карда ва гуфтааст, ки кормандони интизомии Тоҷикистон метавонанд дар шароити душвор низ бо ҷурму ҷароим мубориза кунанд.
Бо ин вуҷуд, бисёре аз соҳибназарон бо ишора ба нокомии пулис дар бозгушоии асрори бархе аз ҷароими сангин дар Тоҷикистон ва даст задани бархе аз кормандони интизомӣ ба шиканҷаи боздоштшудагон аз фаъъолияти онҳо башиддат интиқод мекунанд.
Ҳамчунин, бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик фасоди густарда дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомиро аз мавонеъи ҷиддӣ дар фаъъолияти мунсифонаи кормандони интизомӣ медонанд.
