Иқдоми пулиси шаҳр барои риъояти муқаррароти сабти ном дар Душанбе

  • 13 Август, 2014
 Саид Ҷӯрахонов,Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҷӯрахонов мегӯяд, ки сокинони шаҳр набояд аз ин амалиёти пулис нигарон бошанд

Бахши пулиси шаҳрӣ ба манзури назорат бар риъояти муқаррароти сабти ном дар пойтахти Тоҷикистон, амалиёти расидагӣ ба шиносномаҳо дар шаҳри Душанберо роҳандозӣ кардааст.

Тибқи ин иқдом, кормандони пулиси шаҳрӣ ба манозили шаҳрвандон мераванд ва сабти номи онҳо дар ин манозилро таҳқиқ мекунанд ва ҳамчунин дар ин амалиёт назорат бар сохтмонҳои худсохт ва ғайриқонунӣ низ сурат мегирад.

Женерол Саид Ҷӯрахонов, раиси ин бахш, рӯзи чаҳоршанбеи 13 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин иқдом реҷаи шиносномаӣ набуда ва танҳо як амалиёти кории пулиси шаҳрӣ будааст.

Вай мегӯяд, ки ин тадбир дар пайи амри вижаи вазири умури дохилаи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Оқои Ҷӯрахонов афзуд: "Кормандони пуис ҳамроҳ бо масъулони шаҳрдорӣ ва фаъъолони ҷамъияти ин иқдомро иҷро мекунанд. Яке аз аҳдофи ин тадбир назорат бар риъоя кардани муқаррароти зиндагӣ дар шаҳр аст."

Ӯ мегӯяд, ки дар чанд рӯзи ҷорӣ шудани ин иқдом пулиси шаҳр беш аз 120 мавриди нақзи ҳуқуқи сабти ном дар шаҳрро муъайян карда ва алаҳйи ин афрод прутукулҳои вижа боз карданд.

Женерол Ҷӯрахонов гуфт, ки ин амалиёт то 25 августи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт ва ӯ афзуд: "Ҳамзамон дар ин амалиёт сохтмонҳои худсохта, ки иддае аз шаҳрвандон худсарона бунёд кардаанд, низ ифшо хоҳанд шуд."

Ин масъули бахши шаҳрии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки шаҳрвандон набояд, ки аз ин иқдоми пулис нигарон бошанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони шаҳрдории Душанбе низ ҷорӣ шудани амалиёти пулис дар ин шаҳрро таъйид карданд.

Қаблан кормандони ин ниҳод амалиёти вижаеро барои тахлияи Душанбе аз "сохтмонҳои худсохта ва ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда буд. Дар ин амалиёт биноҳои худсохт, аз ҷумла танӯрҳо ва горожҳои ғайриқонунӣ аз миён бурда шудаанд.

Тибқи иттилоъи сухангӯи дафтари матбуъотии шаҳрдорӣ, ин иқдом марҳала ба марҳала аз моҳи май оғоз ёфта ва то авохири моҳи августи соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.

Матолиби муртабит