Гармии дамои ҳаво ва гирудори мардум дар моҳи рамазон дар Душанбе
Гармии дамои ҳаво ва гирудори мардум дар моҳи рамазон дар Душанбе

Дар моҳи рамазон шумори намогузорон дар масоҷиди Тоҷикистон афзоиш меёбад, аммо намозгуории занон ва ҷавонони то синни 18-сола дар ин кишвар расман мамнӯъ аст.

Дамои ҳаво дар шаҳри Душанбе аз 36 то 40 дараҷа гарм буда ва мушкилоти зиёдеро барои афроди рӯзадор дар пай доштааст.

Иддае аз сокинони рӯзадор мегӯянд, ки баъд аз чанд рӯзи рӯзадорӣ ба сабаби бад шудани саломаташон водор ба қатъи он шуданд.

Қиммати як килугром гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон аз 34 сомонӣ болост ва дар шароите, ки маъоши мутавассит дар ин кишвар ҳудуди 127 дулорро ташкил медиҳад, тамоми сокинон имкони харидории гӯштро надоштаанд.

Маъмулан дар моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводди ғазоӣ дар муқоиса ба рӯзҳои маъмулӣ афзоиш меёбад.

Масъулони давлатӣ мегӯянд, ки қимати маводдро имсол таҳти кунтрул қарор додаанд.

Нон, ғазои аслии мардум дар Тоҷикистон аст, ки дар даҳсолаи ахир қимати он низ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

Валиҷон, яке аз омодакунандагон ва фурӯшандагони нишаллоҳ мегӯяд, ки даҳ сол боз рӯзадорӣ мекунад ва дар моҳи рамазон аз фурӯши нишаллоҳ даромади хуб дарёфт мекунад.

Бозори фурӯшандагони нишаллоҳ, яке аз шириниҳои маъмул дар замони рӯзадорӣ гарм мешавад.

Нархномаҳо маъмулан дар бозорҳо дар моҳи рамазон ба назар мерасанд, зеро ниҳодҳои давлатӣ ба қимати маводди ғазоӣ дар ин моҳ назорати шадид мекунанд.

Яке аз фурӯшандагони гӯшт, мегӯяд, ки ахиран онҳо аз тиҷорат дар ин бозор суди лозимае ба даст намеоранд ва танзими қимати маводди ғизоӣ онҳоро ба якборагӣ муфлис хоҳад кард.

Яке аз фурӯшандагон мегӯяд, ки маъмулан дар замони рамазон вай бидуни дастури мақомоти давлатӣ қимати маводди фурӯширо барои "савоб" коҳиш медиҳад.

Ҳоло бисёре аз рестуронҳо ва ошхонаҳои шаҳр барои гузаронидани ифтор дар хадамот барои муштариён тахфиф эълом кардаанд.

Исоқбой, фурӯшандаи меваи хушк дар бозор гуфт, ки имсол то панҷ рӯз тавонист рӯзадорӣ кунад ва саломату кори сангинаш ба ӯ иҷоза надод, ки то ба охир рӯзадориро расонад.

Аксари фурӯшандагон дар бозорҳо занон ҳастанд. Заноне, ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз ин кишвар будаанд.

Зоҳиран занони ширфурӯш дар тӯли моҳи рамазон аз фурӯши шир ва қаймоқ бештар даромад ба даст меоранд. Ин занон барои фурӯши маҳсулоташон аз рустоҳо ҳама пойтахти Тоҷикистон меоянд.

Иддае аз афрод ҳам роҳи газоиро пеш гирифтаанд.

Бештари аробакашҳои бозор, аз ҷумлаи ҷавонон ва кӯдакон ҳастанд, ки зоҳиран дар ин рӯзҳо камтар кор доштаанд. Бисёре аз ин аробакашон танҳо ноновари хонавода будаанд.

Бисёре аз қаҳвахонаҳо дар шаҳри Душанбе рӯзона муштарӣ надоштаанд ва соҳибони онҳо аз он нигаронанд, ки дар ин моҳ даромади хубе нахоҳанд дошт
