Шаҳрдори Душанбе ба тоҷирони маводди ғизоӣ имтиёз дод

  • 4 Июл, 2014
Маҳмадсаид УбайдуллоевImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Убайдуллоев барои кумак ба коҳиши қиматҳо имтиёзоте барои тоҷирони маводди ғизоӣ муқаррар кардааст

Шаҳрдории Душанбе барои туҷҷори воридкунандаи 20 навъ маводди ғизоии мавриди ниёзи аввалия ба ин шаҳр дар тӯли моҳи рамазон имтиёзоте молиётӣ муқаррар кардааст.

Ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон, тоҷирони ин мавод, аз ҷумла гӯшт ва маводди шириро, аз пардохти пули якрӯза дар бозорҳо озод кардааст.

Аз сӯйи дигар, оқои Убайдуллоев аз масъулони зидахл хостааст, ки қимати ин анвоъи маводди ғизоиро дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон таҳти назорати шадид қарор диҳанд. Вай ин тасмимро барои ҷилавгирӣ аз боло рафтани қимати маводди ғизоӣ дар моҳи рамазон иттихоз кардааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии шаҳрдории Душанбе, оқои Убайдуллоев дастур дода, ки дар моҳи рамазон масъулони зидахл барои таъмини ҳуқуқи масрафкунандагон иқдомоти бештареро анҷом диҳанд.

Дар иттилоъияи шаҳрдорӣ омадааст: "Шаҳрдор дастур дод, ки баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ғановати бозори истеъмолӣ алайҳи ҳолатҳои судхурию хилофкорӣ чораҳои оштинопазир бо таблиғи ҳар кадоме дар воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ роҳандозӣ карда шавад."

Ҳамчунин, шаҳрдори Душанбе аз пешниҳоди раҳбарони корхонаи давлатии гӯшти шаҳр дар мавриди тавзеъи гӯшти ройгон ба иддае аз сокинони камбизоъати шаҳр ҳимоят кардааст.

Руасои чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки асомии сокинони ниёзманди шаҳрро ба масъулони корхона барои дарёфти гӯшти ройгон пешниҳод кунанд.

Оқои Убайдуллоев аз назорати ғайриҳирфаии масъулони бахши шаҳрии Ожонси давлатии омори Тоҷикистон бар қимати мавод дар бозорҳои шаҳр шадидан интиқод карда ва барои ислоҳи ин вазъ Ворис Муродов, раҳбари ин бахшро, ихтор додааст.

Вай масъулони зидахли шаҳрдориро муваззаф кардааст, ки барои назорати комил бар қимати мавод дар дуконҳои фурӯши маводди ғизоӣ, бавижа гӯшт, дурбинҳо насб шаванд.

Коршиносони иқтисодӣ иқдоми шаҳрдорӣ дар мавриди додани имтиёз ба тоҷирон дар заминаи пардохти молиёт ва маъоф кардани онҳо аз пардохти сармояи яквақта дар бозорҳоро иқдоме воқеъӣ барои коҳиши қимати маводди ғизоӣ дар шаҳри Душанбе хондаанд.

Аксари тоҷирон дар Тоҷикистон боло будани сатҳи молиёт барои тиҷорати маводди ғизоӣ дар ин кишварро омили аслии боло рафтани қимати маводди мухталиф дар ин кишвар медонанд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ болоравии арзиши маводди ғизоӣ, бахусус гӯштро, дар бозори дохили ин кишвар “сунъӣ” хонда ва хостори ҷилавгирӣ аз болоравии қиматҳои ин мавод шуда буд.

Аммо бархе аз тоҷирон мегӯянд, ки ахиран онҳо аз тиҷорати гӯшт дар бозорҳо суди лозим ба даст намеоранд ва танзими қимати маводди ғизоӣ онҳоро баякборагӣ муфлис хоҳад кард.

Матолиби муртабит