Пулис аз фурӯши як навзод ба маблағи се ҳазор дулор хабар дод
Кормандони пулис мегӯянд, ки занеро ба занни фурӯши кӯдаке навзод боздошт кардаанд.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10 июл навишт, ки пулис дар робита бо ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Бар асоси таҳқиқи муқаддамотӣ, Нигора Муъминова, як сокини шаҳри Душанбе, муттаҳам шуда, ки навзодеро ба маблағи 700 сомонӣ, ки муъодили ҳудуди 150 дулори омрикоӣ аст, аз модари 20-солаи ӯ харидааст.
Сипас, тибқи иддаъои пулис, хонум Муъминова ин навзодро ба маблағи се ҳазор дулори омрикоӣ ба Наргис Қурбонова, як сокини дигари шаҳри Душанбе фурӯхтааст.
Қонуни Тоҷикистон барои фурӯши ноболиғон аз панҷ то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ин барои бори нахуст нест, ки кормандони интизомӣ занонро ба иттиҳоми фурӯш ва хариди кӯдакони навзод боздошт мекунанд. Коршиносони умури иҷтимоъӣ мавориди ба фурӯш мондани кӯдакони навзод аз сӯйи модаронро ношӣ аз камбизоъатӣ медонанд.
