Писари Тураҷонзода 'дар тасарруфи замин даст надорад'
Яке аз аъзои хонаводаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода иддиъои пулис дар бораи тасарруфи замин аз сӯйи писари ӯро рад кард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, манзили маскуние, ки дар ин қитъаи замин воқеъ аст, дар соли 2006 харидорӣ шуда ва тамоми мадорики марбут ба он, аз ҷумлаи гувоҳиномаи расмии моликияти он, қонунӣ аст.
Аммо ин манбаъ эътироф кард, ки ҳудуди чаҳор садӣ (сотих)-и ин замин дар ин мадорик сабт нашуда ва девори он қабл аз соли 2006, яъне қабл аз замони харидории ин манзил, сохта шудааст.
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пештар яке аз фарзандони Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро ба "тасарруфи худсаронаи замин ва бунёди таҳкурсии бинои маскунӣ" дар он муттаҳам карда буданд.
Дар торнамои ин ниҳод омада, ки ин қазия дар як амалиёти вижаи пулис ошкор шудааст.
Дар ин хабар мехонем, ки Илҳомҷони Тӯраҷонзодаи 34-сола, сокини ноҳияи Ваҳдат, дар моҳҳои июн ва августи соли 2011 бо машварати қаблӣ бо Умар Тағоев, сокини ин ноҳия, аз ҳисоби заминҳои наздик ба рӯдхонаи Сароб, воқеъ дар мантақаи Ромит, беш аз 500 метри мурраббаъ заминеро аз худ кардааст.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз шахсиятҳои саршиноси мазҳабӣ ва сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон аст. Пас аз имзои Созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифин дар соли 1997 оқои Тӯраҷонзода муддате симати муъовини нахуствазири Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
