Боздошти як зани ҷавон ба занни сирқат

  • 14 Июл, 2014

Пулис аз боздошти як зани ҷавон ба занни сирқати сармоя аз дӯкони як соҳибкор дар вилояти Хатлон хабар додааст.

Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ин зани 28-сола дар пайи амалиёти вижаи пулис баъд аз бурдани шикояти Ҳарамгул Обидова, соҳибкори шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳодисаи дӯздӣ дар дӯконаш боздошт шудааст.

Ҳуввияти ин зан низ мушаххас шуда ва кормандони ин ниҳод аз ӯ Зулхумор Тошматова ном гирифта ва гуфтаанд, ки ӯ сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон будааст. Хонуми Тошматова барои сирқати ҳудуди чаҳор ҳазор дулор аз дӯкони хонуми Обидова муттаҳам дониста мешавад.

Воқеъаи сирқати сармоя аз ин дӯкон, рӯзи 5 июли соли ҷорӣ рух дода ва таҳқиқоти муқаддамотии пулис ҳокист, ки ин зан аз тариқи пинҳонӣ вориди дӯкон шуда ва сармояро дуздидааст. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ин аъмол аз се то панҷ сол зиндон пешбинӣ мекунад.