Нигаронии пулис аз кушта шудани ноболиғон дар оташсӯзиҳо дар Тоҷикистон

  • 11 Июл, 2014

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани шуморе аз ноболиғон дар ҳодисоти оташсӯзӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардаст.

Рамазон Раҳимзода, рӯзи панҷшанбеи 10 июл дар чаласаи ин ниҳод гуфтааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 21 нафар бар асари оташсӯзиҳо ҷонҳои худро аз даст додаанд, ки 10 нафар аз онҳоро кӯдакон ва ноболиғон ташкил медиҳанд.

Сабаби аслии рух додани оташсӯзиҳо дар ин кишвар риъоят нашудани муқаррароти бехатарӣ аз оташсӯзӣ унвон шудааст. Дар ин даврон дар қаламрави Тоҷикистон 28 ҳодисаи оташсӯзӣ рух додааст.

Масъулони бахши оташнишонии ин вазорат, вазъи амниятӣ аз оташсӯзиро дар беш аз 43 ҳазор муассисоту ширкатҳо ва ҳудуди 568 манзили маскуниро таҳқиқ карда ва дар пайи он ҳуҳуди 80 парвандаи ҷиноӣ алайҳи афроди мутатаҳам дар нақзи бехатарӣ аз оташсӯзиро боз кардаанд.

Ҳамчунин беш 33 ҳазор нафар аз сокинони ин кишвар ба маблағи се милюну 400 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.