Ифтитоҳи дармонгоҳи ҷадид барои маъмурони пулис дар Суғд
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи як дармонгоҳи ҷадид пас аз бозсозӣ ва таҷдид он барои кормандони пулис дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, хабар доданд.
Торнамои ин ниҳод рӯзи ҷумъаи 7 ноябр навишт, ки ин дармонгоҳ бо таҷҳизоти ҷадиди беҳдоштӣ муҷаҳҳаз шуда ва қарор аст дар ояндаи наздик як дармонгоҳи бузургтар аз он дар вилояти Суғд ифтитоҳ шавад.
Женерол Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, ва Абдураҳмон Қодирӣ, устондори Суғд, дар расми ифтитоҳи ин муассисаи беҳдоштӣ ширкат карданд.
Ҳамчунин, Женшен Раззоқов, ҳокими вилояти Ботканди Қирғизистон, ки бо вилояти Суғд ҳаммарз аст, ва намояндагони пулиси он кишвар низ дар ин маросим ҳозир будаанд.
Аз ин муассисаи беҳдоштӣ ба ҷуз аз маъмурони пулис ҳамчунин кормандони ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон истифода хоҳанд кард.
