Боздошти як корманди пулис ба занни қочоқи аслиҳа дар Тоҷикистон

  • 25 Ноябр, 2014
СилоҳImage copyrightBBC World Service
Image caption Як корманди пулис ба занни қочоқи аслиҳа дар Тоҷикистон боздошт шудааст

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як корманди пулис ба занни қочоқи аслиҳа дар ин кишвар хабар доданд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, ин корманди пулис раиси яке аз бахшҳои ин вазорат дар Тоҷикистон будааст. Кормандони интизомӣ ҳангоми боздошт аз манзили Анваршо Бекназаров миқдори зиёди аслиҳаро кашф ва мусодира кардаанд.

Тавре, ки дар хабар омада, аз манзили оқои Бекназаров панҷ адад тапонча, се адад туфанги шикорӣ ва беш аз 600 дона гулӯла кашф шудааст. Дар робита бо ин воқеъа кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ба таҳқиқи он идома медиҳанд.

Оқои Бекназаров дар ҳоли ҳозир дар яке аз боздошгоҳҳои шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Ин нахустин бор аст, ки як мақоми пулис дар Тоҷикистон ба занни қочоқи аслиҳа боздошт шудааст.

Дар таҳаввуле дигар, кормандони пулис дар ноҳияи Ваҳдат як махфигоҳи аслиҳаро кашф ва миқдоре силоҳ дар он ҷо пайдо кардаанд. Ин махфигоҳ дар наздикии роҳи утумубилгард ва рӯдхонаи Ромит дар ҷамоъати Ёси шаҳри Ваҳдат қарор доштааст.

Пулис аз дохили ин махфигоҳ шаш адад худкори “Калашников” бо панҷ тирдон, се адад таппончаи навъи “Макаров” ва миқдоре норинҷак ва минҳои зидди нафар ва зиддитонк пайдо кардааст.

Ин махфигоҳ дар як амалиёти вижаи пулис пайдо шуда ва мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Матолиби муртабит