Боздошти як мазнун ба узвияти 'Гурӯҳи 24' дар Қирғизистон

  • 21 Ноябр, 2014
ДастбанҳоImage copyright
Image caption Пулиси қирғиз мегӯяд як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҷонибдори "Гурӯҳи24" буда, боздошт кардааст

Пулиси Қирғизистон аз боздошти як табаъаи Тоҷикистон ба занни узвият дар эътилофи мухолифи мавсум ба "Гурӯҳи 24", ки давлат онро ифротгаро мехонад, хабар додааст.

Торнамои Вазорати умури дохилаи Қирғизистон рӯзи ҷумъаи 21 ноябр хабар дод, ки Амрахон Эргашев, ки 40 сол дорад, дар хиёбони Армавири шаҳри Бишкек боздошт шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, оқои Эргашев узви гурӯҳи мамнӯъи "Ҷамоъати таблиғ" дар Тоҷикистон буда ва аз сӯйи кормандони интизомии ин кишвар мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштааст. Вай муттаҳам шуда, ки аз соли 2002 ба узвияти “Ҷамоъати таблиғ” пайвастааст.

Ҳамчунин, мақомоти тоҷик ӯро ба ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24”, як гурӯҳи мухолифи давлати Тоҷикистон ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов, тоҷири табъидӣ, муттаҳам кардаанд. Девони олии Тоҷикистон дар авоили моҳи октябр ин гурӯҳро ифротгаро хонд ва фаъъолияти онро дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Пулиси Қирғизистон мегӯяд, ки оқои Эргашев дар соли 2009 бо истифода аз гузарномаи яке аз пайвандонаш аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилояти Ботканд убур кардааст.

Рӯзи 18 ноябр додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек ҳукм карда, ки Амрахон Эргашев ба Тоҷикистон мустарад шавад, вале маълум нест, ки ин ҳукм ба иҷро расида ё хайр.

Баъд аз мамнӯъияти фаъъолияти “Гурӯҳи 24” ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов, ки аз мухолифони давлати Эмомалӣ Раҳмон хонда мешавад, аз мавориди боздошти ҷонибдорони ин гурӯҳ хабарҳое пахш шудааст.

Чанд рӯз қабл расонаҳо аз боздошти яке аз бародарони Шарофиддин Гадоев, як тоҷири дигари табъидӣ ва аз мухолифони давлати оқои Раҳмон, хабар доданд. Қабл аз ин талоши мақомоти тоҷик барои истирдоди худи оқои Гадоев аз Испониё ба Тоҷикистон натиҷае надода буд.

Давлати Тоҷикистон ӯро ба фасод ва тақаллуб муттаҳам кардаанд, аммо ӯ мегӯяд, ки ин иттиҳомот сохтагӣ аст ва ангезаи таъқиби ӯ аз сӯйи мақомоти тоҷик мухолифаташ бо режими Эмомалӣ Раҳмон аст.

Оқои Гадоев мегӯяд, ки мақомоти тоҷик пас аз он ки ба истирдоди худи ӯ муваффақ нашуданд, ахиран фишорҳое бар аъзои хонавода ва пайвандонаш ворид карда ва аз ҷумла аз онҳо хостаанд, ки ӯро водор ба бозгашт ба ватан кунанд. Оқои Гадоев ба унвони як паноҳандаи сиёсӣ дар Испониё ба сар мебарад.

Нозирон мегӯянд, ки мақомоти тоҷик дар остонаи интихоботи порлумонии ин кишвар, ки то ҳудуди се моҳи дигар баргузор мешавад, фишорҳо бар мухолифону муъонидон ва таъқиби раҳбарон ва чеҳраҳои сиёсии норозиро афзоиш додаанд. Давлат ин иттиҳомотро рад мекунад.

Матолиби муртабит