Вакили мудофеъ аз эҳтимоли афви Шӯҳрат Қудратов хабар додааст

  • 22 Октябр, 2014
Шӯҳрат Қудратов Image copyrightBBC World Service
Image caption Вакили мудофеъ аз эҳтимоли афви Шӯҳрат Қудратов хабар додааст

Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ва вакили мудофеъи Шӯҳрат Қудратов, собиқ вакили мудофеъ, имкони афви муваккил ё зерҳимояашро баъйид намедонад.

Оқои Зойиров дар иттилоъе, ки рӯзи чоршанбеи 22 октябр дар шабакаи иҷтимоъии “Фейсбук” пахш шуд, навиштааст:”Эҳтимолияти дар ҳолати ризоияти Шӯҳрат Қудратов татбиқи Қонуни афв то суд ва дар суд дар назар дошта мешавад.”

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи шинохтаи Тоҷикистон, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми қасди додани ришва ба додрас дар шаҳри Душанбе бозошт шуда буд.

Аммо оқои Қудратов ин иттиҳомро рад карда, боздошти худро сиёсӣ хонда ва ба фаъъолияти вакили мудофеъияш дар қазияи Зайд Саидов, соҳибкори маъруфи ин кишвар марбут хонда буд.

Зимнан, Зайд Саидов дар пайи эъломи тасмимаш дар бораи таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Тоҷикистони нав” ба иттиҳоми мухталиф, аз ҷумла, чандзанӣ, фасод ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ боздошт ва ба муддати 26 сол равонаи зиндон шуд.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров, вакили мудофеъи Шӯҳрат Қудратов аз поёни бозрасии қазияи муваккилаш хабар дода ва навиштааст, ҳамакнун то рӯзи 21 ноябри соли ҷорӣ, муддати ниҳоии ҳабсаш дар боздоштгоҳ ӯ ва муваккилаш бояд бо парвандаи ҷинойӣ ошно шаванд.

Ба гуфтаи оқои Зойиров, дар назар аст, то авохири моҳи оянда паpвандаи Шӯҳрат Қудратов барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шавад.