Интиқоли порае аз турбати Камоли Хуҷандӣ аз Эрон ба Тоҷикистон

  • 20 Ноябр, 2014
Табрез-ХуҷандImage copyrightBBC World Service
Image caption Ҳайъате аз мақомот ва фарҳангиёни устони Суғди Тоҷикистон дар Эрон

Ҳайъате аз мақомот ва фарҳангиёни устони Суғди Тоҷикистон дар ҷараёни сафаре ба Эрон порае аз турбати Камоли Хуҷандиро аз шаҳри Табрез ба Хуҷанд, зодгоҳи ин шоъири ғазалсарои қарни 13-и милодӣ, интиқол додаанд.

Ин ҳайъат шомили Абдурраҳмони Қодирӣ, устондори Суғд ва Раҷаббойи Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд, буда ва Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъири саршинос, бо ҳамсараш Озарахш низ онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд.

Дар ҷараёни сафари мақомот ва фарҳангиёни суғдӣ ба Эрон ҳамоишҳое адабӣ бо ширкати намояндагони давлат ва муассисоти илмию пажӯҳишии Эрон дар шаҳрҳои Теҳрон, Табрез ва Машҳад баргузор шуда ва Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон як шуъбаи худро дар шаҳри Табрез ифтитоҳ кардааст.

Як масъули ин анҷуман гуфт, ки мардум ва мақомоти шаҳри Табрез аз ҳайъати тоҷикистонӣ дар он шаҳр хуш истиқбол карда ва хостори тавсеъаи равобити иқтисодию фарҳангӣ байни ин ду кишвар шудаанд.

Вай гуфт: "Хонум Фарзона ва мақомоти суғдӣ бо баргузории маросиме чанд мушт аз турбати Камолиддини Масъуди Хуҷандӣ бардоштанд ва дар як сандуқчаи чӯбӣ бо худ бурданд. Қарор аст дар шаҳри Хуҷанд муҷтамаъе ба унвони "Боғи Камол" таъсис дода шавад, ки турбати ӯ дар он ҷо нигаҳдорӣ мешавад."

Дар ин сафар Абдурраҳмони Қодирӣ, устондори Суғд, бо Саъиди Шабистарӣ, муъовини сиёсию амниятии устондори Озарбойҷони Шарқии Эрон мулоқот карда ва ҷонибҳо хостори густариши равобити фарҳангию тиҷории ин ду устони Тоҷикистон ва Эрон шудаанд.

Аз ҷумла, оқои Шабистарӣ гуфтааст, ки "вуҷуди мақбараи Камолиддини Хуҷандӣ дар Табрез нишондиҳандаи алоиқи муштараки мардуми Табрез ва Хуҷанд аст ва ин алоиқ бояд бештар шавад."

Хабаргузории Ориё дар Эрон менависад, ки оқои Шабистарӣ бо ишора ба зарфиятҳои устони Озарбойҷони Шарқӣ дар заминаҳое ҳамчун саноеъи мошинсозӣ, фӯлод, петрушимӣ, қитъасозӣ ва тавлиди маводди ғизоӣ, гуфта, ки ин зарфиятҳо метавонад мабное барои сармоягузориҳои муштарак ва мубодилоти тиҷорӣ ва табодули дониши фаннӣ байни ду кишвар бошад.

Ба нивиштаи ин хабаргузорӣ, муъовини устондори Озарбойҷони Шарқӣ ҳамчунин аз омодагии ин устон барои барқарории хатти парвозе байни Табрез ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон хабар додааст. Вай гуфтааст, ки донишгоҳҳои Табрез низ омодаи пазириши донишҷӯёни тоҷик ҳастанд.

Абдурраҳмони Қодирӣ, устондори Суғд ва муъовини раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон, низ гуфтааст: "Табрез ва Хуҷанд ташобуҳоти торихӣ ва фарҳангии бисёре доранд ва ҳамкориву иртиботи ин ду ба тавсеъаи ҳарчи бештари равобити Эрону Тоҷикистон мунҷар мешавад."

Оқои Қодирӣ низ хостори барқарории парвоз байни Душанбеву Табрез ё Хуҷанду Табрез ва табодули донишҷӯ ва тавсеъаи турисми саломат байни ду кишвар шудааст. Устондори Суғд дар ин сафар бо Содиқи Наҷафӣ, шаҳрдори Табрез, низ мулоқоте анҷом дода ва бар ҳамин мавзӯъ таъкид кардааст.

Оқои Қодирӣ гуфта, ки эҷоди хутути ҳавоии Хуҷанду Табрез хостаи муҳимми сокинони ду шаҳр буда ва дар канори таъсироти фарҳангӣ ба тавсеъаи санъати гардишгарӣ низ кумак хоҳад кард.

Ба навбаи худ, оқои Наҷафӣ низ иброз доштааст, ки баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ, фаъъолсозии турҳои гардишгарӣ ва иҷрои муносиботи варзишӣ аз ҷумлаи иқдомотест, ки метавонад ба густариши равобити фарҳангию тиҷорӣ байни Табрез ва Хуҷанд кумак кунад.

Абдурраҳмони Қодирӣ ҳамчунин хоҳони мушорикати ҳунармандон ва меъморони эронӣ дар тарроҳӣ ва иҷрои як муҷтамаъи фарҳангӣ ба номи "Боғи Камол" дар шаҳри Хуҷанд шуда, ки қарор аст дар ҳафт ҳектор замин бунёд шавад. Дар ин боғ мақбарае нумодин барои Камоли Хуҷандӣ низ сохта мешавад.

Манобеъи устондории Суғд мегӯянд, ки хоки қабри Шайх Камолро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими байналмилалии Наврӯзи 1394 (2015), ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, дар ҳузури меҳмонони хориҷӣ дар ин мақбараи нумодин хоҳад гузошт.

Аъзои ҳайъати фарҳангии устони Суғди Тоҷикистон дар ин сафар бо масъулони Фарҳангистони забон ва адаби порсии Эрон низ мулоқот кардаанд. Масъулони ин фарҳангистон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо бо ҷониби Тоҷикистон иброз доштаанд.

Сафари ҳайъате аз мақомот ва фарҳангиёни Суғд ба Эрон дар чорчӯби ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон ва бузургдошти Камоли Хуҷандӣ дар шаҳрҳои Теҳрону Табрез ва Машҳад сурат гирифтааст.

Матолиби муртабит