Колоҳои эронӣ барои намоишгоҳи "Душанбе-2014" ба Тоҷикистон расид

  • 2 Март, 2014

Навад дарсади колоҳо ва маҳсулоти Намоишгоҳи байналмилалии ҳадоё ва гардишгарии "Душанбе-2014" вориди қаламрави Тоҷикистон шудааст.

Ин 16-умин намоишгоҳи байналмилалии Тоҷикистону Эрон аст, ки таҳти унвони ҳадоё ва гардишгарии "Душанбе-2014" ба торихи 4 то 8 март дар кохи “Борбад” дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора, рӯзи шанбеи 1 март дар як нишасти хабарӣ Шариф Саид, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва дохилии кишвар иттилоъ дод.

Ҳамчунин мубтакирони ин намоишгоҳ мегӯянд, ки ба хотири эҷод нашудани мушкил дар интиқоли колоҳо аз Эрон ба Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон 90 дарсади колоҳо ва тавлидоти корхонаҳои эроние, ки дар ин намоишгоҳ ширкат мекунанд, ба Тоҷикиситон расидааст.

Дар намоишгоҳҳои қаблӣ, ки дар пойизи соли гузашта ва пеш аз он ҳам баргузор шуд, бисёре аз молу маҳсулоти корхонаҳои эронӣ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гир монда, марзбонони узбак ба далоили номаълум иҷозаи вуруди колоҳо барои намоишгоҳро намедоданд.

Ба ин далел ин бор чанд рӯзе қабл аз оғози намоишгоҳ молу колоҳои намоишгоҳ ба Тоҷикистон расидааст ва танҳо як вогун ва ё комюни ҳомили колоҳо монда, ки қарор аст то як рӯзи дигар вориди хоки Тоҷикистон шавад.

Мубтакирони ин намоишгоҳ мегӯянд, ки беш аз сӣ ширкати эронӣ дар ин намоишгоҳ молу маҳсулоти худро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Ҳмчунин, дар назар аст дар доираи ин намоишгоҳ мулоқотҳо ва нишастҳои муштараке бо ширкатҳо ва корхонаҳои Тоҷикистон ва намояндаҳои давлату ҳукумат дошта бошанд.

Мубтакирон мегӯянд ин намоишгоҳ ба ҷашни “Рӯзи модар” ё рӯзи байналмилалии занон, ки ҳамасола ба торихи 8 март дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.