Тоҷикистон иҷозаи тронзити коло аз тариқи Эронро гирифт

  • 10 Апрел, 2014

Тоҷикистон барои тронзити колоҳои худ то ба халиҷи Форс иҷозаи Эронро дарёфт кард.

Ин мавзӯъ ахиран дар дидори Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, бо Аббос Охундӣ, ҳамтои эронии вай, дар шаҳри Теҳрон матраҳ шудааст.

Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии Вазорати таробарии Тоҷикистон, оқои Асозода бо як сафари корӣ вориди пойтахти Эрон шуда ва рӯзи чаҳоршанбеи 9-уми апрел бо мақомоти ин кишвар мулоқот кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар дидори вазири таробарии Тоҷикистон бо мақомоти эронӣ мавзӯъи тронзити колоҳои Тоҷикистон аз тариқи он кишвар ва боло бурдани мизони интиқоли ин колоҳо матраҳ шудааст.

Ҳамчунин, мавзӯъи эҷоди роҳҳои ҷадиди интиқоли коло ва мавод, аз ҷумла роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон-Эрон баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки эҷоди ин масир замони интиқоли колоҳо аз Тоҷикистон ба минтақаи халиҷи Форсро бамаротиб коҳиш хоҳад дод.