Афзоиши парвозҳои “ТоҷикЭйр” дар масири Душанбе-Теҳрон
Ширкати ҳавоии “ТоҷикЭйр” тасмим гирифтааст аз 25-уми июни соли ҷорӣ дар масири Душанбе-Теҳрон парвози ҳавопаймои дуввуми худро роҳандозӣ кунад.
Ба гуфтаи як масъули “ТоҷикЭйр”, ин тасмим дар пайи музокироти миёни ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Эрон ба даст омадааст. То ҳол “ТоҷикЭйр” ҳар рӯзи якшанбе дар масири Душанбе-Теҳрон як парвоз анҷом медод. Қарор аст парвози дуввум рӯзҳои чаҳоршанбе сурат бигирад.
Ширкати ҳавоии эронии “Осмон” низ то ҳол ҳафтае аз шаҳри Машҳад то ба Душанбе ду парвоз ва аз шаҳри Теҳрон як парвоз анҷом медод. Ҳамакнун қарор шудааст, ки “Осмон” танҳо аз Машҳад то ба Душанбе ду парвоз анҷом диҳад.
Дар гузашта мақомоти Тоҷикистону Эрон бамаротиб хоста буданд, ки миёни ин ду кишвар парвози ҳавопаймоҳо ба сурати ҳамарӯза сурат бигиранд. Вале адами мусофирони кофӣ аз иҷрои ин амр ҷилавгирӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки равобити иқтисодӣ ва тиҷории миёни Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоли густариш буда ва ҳар ҳафта даҳҳо туҷҷори ду кишвар аз пойтахтҳои ҳамдигар дидан мекунанд.
