Даъвати раиси ҲНИТ аз занон ва духтарон барои ширкати фаъъолона дар интихобот
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз занон ва духтарони узви ин ҳизб даъват кардааст, ки дар интихоботи порлумонии соли оянда фаъъолона ширкат кунанд.
Муҳиддин Кабирӣ баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбеи 18 ноябр дар мулоқот бо занон ва духтарони фаъъоли ҲНИТ ҳамчунин гуфтааст, ки “касе дар ҷомеъа ҳаққ надорад, ки марзҳои шариъатро убур кунад.”
Оқои Кабирӣ ҳамчунин аз аъзои зани ин ҳизб даъват кардааст, ки бархе аз қолабҳоеро, ки мунҷар ба кундии ширкати занон дар фаъъолиятҳои сиёсии ҷомеъа мешаванд, бишкананд.
Аммо вай афзудааст: "Баъзе дӯстону бародарон ба хотири қолабшиканӣ, марзшиканӣ мекунанд. Шикастани қолаб чизи дигар аст ва ба марз дахл надорад. Марзро Худованд муъайян кардааст ва он бояд аз тарафи ҳама ва дар ҳама ҳолат риъоят шавад.”
Оқои Кабирӣ афзудааст, ки бояд дар ҷомеъа коре кард, ки занон ва духтарон гӯшанишин набошанд ва ӯ гуфт: “Шиъорҳои зебо мепартоем, вале амалан зан дар як гӯша қарор дораду иҷозат намедиҳем, ки вориди майдон шавад, суҳбат кунад, фикрашро гӯяд, ки ин ҳама аз таҷриба мешавад.”
Вале оқои Кабирӣ аз камфаъъолиятии худи занон низ интиқод карда ва гуфтааст, ки бархе аз занон ва духтарон ҳарчанд дар асл гуфтаниҳои зиёде доранд, аммо бо гирифтани риштаи сухан ҳамаи ақидаҳо ва суханонро фаромӯш мекардаанд.
Торнамои раёсати ҲНИТ менависад, ки раиси ҳизб аз интихоботи порлумонии соли 2015 ва фишору таъқибҳои солҳои ахир алайҳи аъзои ҲНИТ низ ёдовар шудааст.
Оқои Кабирӣ аз занону духтарони узви ҳизб даъват кардааст, ки ба майдони сиёсат ворид шаванд аз дасти афроди тақаллубкор, ки бо эъмоли ин амал ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва башарии онҳро нақз мекунанд, ҳаққашонро бигиранд.
Ӯ ҳамчунин аз фишору таъқиби занони ҳиҷобпӯш дар ҷомеъа ва адами иҷозаи ширкати занон дар намозгузорӣ дар масоҷид дар Тоҷикистон интиқод кард ва гуфт: "Занон дар ҷои кори бообрӯе мисли бонку идораҳо наметавонад бо ҳиҷоб кор кунад. Коре карданд, ки зани ҳиҷобпӯш ва он зане, ки мехоҳад бо либоси милливу исломиаш зиндагӣ кунад бояд дар ҷомеъа ҳузур надошта бошад."
Раиси ҲНИТ гуфтааст, ки интихобот беҳтарин фурсат барои қолабшиканӣ будааст. Вай афзудааст, ки ҳар нафар аз занон ва духтарон бояд худшиносиро аз даст надиҳанд ва ба касе роҳ надиҳад, ки пой рӯйи эҳтироми ҳуқуқ ва арзишҳои онҳо гузорад.
Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз истротежии худ барои ширкат дар интихоботи порлумонии соли оянда хабар дод.
Раёсати ин ҳизб ба ин тасмим расидааст, ки ба танҳоӣ вориди интихоботи порлумонӣ гардад ва Анҷумани қабл аз интихоботии худро дар моҳи оянда баргузор кунад.
Қарор аст интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2015 доир шавад. Феълан ду курсӣ дар порлумони Тоҷикистон аз намояндагони ҲНИТ аст.
