Кабирӣ аз мақомот хост аз 'тазоҳуроти баргузорнашуда' сабақ бигиранд

  • 18 Октябр, 2014
Кабирӣ
Image caption Мунтақидони оқои Кабирӣ ӯро ба ҳарфшунавӣ ва итоъат аз ҳукуматдорон муттаҳам мекунанд

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостааст, ки аз эъломи тазоҳуроти эътирозӣ ба торихи 10 октябр тавассути бархе гурӯҳҳои мухолиф, ки баргузор нашуд, сабақ бигирад ва сиёсаташҳояшро иваз кунад.

Муҳиддини Кабирӣ, ки узви порлумон ва раҳбари умдатарин ҳизби мухолиф ва танҳо ҳизби исломии расмӣ дар Тоҷикистон аст, рӯзи ҷумъаи 17 октябр дар мулоқот бо ҷавонони тарафдори ҳизбаш дар ин бора сухан гуфта ва хостори "ислоҳоти решаӣ ва таъмини шаффофият" дар интихоботи порлумонии оянда шудааст.

Вай гуфтааст: "Паёми мо ба мақомоти давлатӣ ва ҳамватанонамон дар ҳукумат ин аст: Агар ин дафъа ба ҳар далеле митинг (тазоҳурот) баргузор нашуд, ин маънои онро надорад, ки мақомот билохира ин мушкилотро ба фаромушӣ бисупоред ва то омадани мушкили дигар боз ҳамон сиёсатҳои худро идома бидиҳед."

Оқои Кабирӣ афзудааст, ки омили аслии сарусадоҳои ахир дар бораи тазоҳуроти эътирозӣ "амалҳои носанҷида ва фишорҳои" мақомот бар мардум ва гурӯҳҳои мухолиф мебошад. Ба гуфтаи ӯ, панҷ сол пеш касе ба фарохони тазоҳурот дар Тоҷикистон гӯш намедод, вале акнун вазъ тағйир кардааст.

Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ хитоб ба мақомоти давлатӣ гуфтааст: "Мехоҳед, ки ҳам ба мардум иҷозати рафтан ба масҷид надиҳед, масъалаи руймолу риш ва ҷомаашро доим миннат кунед, раъйашро тақаллуб кунед, моликияташро аз дасташон бигиред, барқ надиҳед ва даҳҳо мушкили иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсии дигарро болои мардум биёред ва боз ҳам бигӯед, ки мардум ношукр ҳастанд ва шукрона намекунанд ва ба дасисаву иғвои чанд нафар гирифтор мешаванд."

Ин суханони оқои Кабирӣ як ҳафта пас аз торихи тазоҳуроти эътирозие эрод мешавад, ки интизор мерафт 10 октябр дар маркази шаҳри Душанбе баргузор шавад, вале нашуд. Ин тазоҳуротро эътилофи мавсум ба "Тоҷикистони нав" аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ, монанди Фейсбук, эълом карда буд.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки ин эътилоф дар хориҷ аз кишвар дастикам аз сӯи се ташаккули мухолифи "Гурӯҳи 24", ҷунбиши "Ватандор" ва "Ҷавонони тоҷик барои эҳёи Тоҷикистон" таъсис шудааст.

Ҳарчанд бисёре аз таҳлилгарон дар воқеъияти баргузории ин тазоҳурот шак доштанд, вале давлат ба ин фарохон вокунише ҷиддӣ нишон дод. Аз ҷумла, шаби 4 октябр дар атрофи сохтмонҳои умдаи давлатӣ дар маркази шаҳри Душанбе тамриноти густардаи пулиси зиддишӯришӣ баргузор шуд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, он шаб садҳо маъмури пулиси зиддишӯришӣ, ки мусаллаҳ ба афзорҳои ҷангию мошинҳои зиреҳӣ ва муҷаҳҳаз ба сипару ботумҳо буданд, дар перомуни сохтмонҳо ва таъсисоти муҳимми давлатӣ, бавижа сохтмони риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, саф кашиданд.

Мақомот тӯли ду ҳафта тадобири амниятии шадиде дар пойтахт ба роҳ андохтанд. Девони олии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кул "Гурӯҳи 24"-ро ифротгаро шинохт ва фаъъолияташро мамнӯъ эълом кард. Давлат ҳамчунин таблиғоти густардае алайҳи баргузории ҳар гуна тазоҳуроти эҳтимолӣ ба роҳ андохт.

Мақомот дастрасӣ ба садҳо сойти интернетӣ, бавижа сойтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъиро, масдуд карданд. Гузориш шуда, ки дар бархе манотиқ, аз ҷумла вилояти Суғд, интернет комилан қатъ шуда буд. Дар рӯзи 10 октябр имкони ирсоли паёмак аз тариқи телефунҳои ҳамроҳ мавҷуд набуд.

Як рӯз пеш аз ин сана ҳизби оқои Кабирӣ бо интишори баёнияе мухолифати худро бо тазоҳурот эълом кард. Шӯрои сиёсии ин ҳизб тазоҳуроти эъломшударо "мухолифи қонун" хонд ва гуфт, ки он "ба оромиш ва саботи кишвар зарба мезанад" ва аз тарафдоронаш ҳам хост, ки ба тазоҳуроти эҳтимолӣ напайванданд.

Ин мавзеъгирии ҳизби наҳзати исломӣ ҳадафи интиқодоти густардаи мухолифон воқеъ шуд ва бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои мухолиф оқои Кабириро ба "фармонбарӣ аз ҳукуматдорон" муттаҳам карданд. Вале ӯ дар мулоқоти рӯзи ҷумъаи худ бо ҷавонони тарафдори ҳизбаш низ ба ҳамин нукот ишора кардааст.

Оқои Кабирӣ хитоб ба мубтакирони эъломи тазоҳурот гуфтааст: "Биёед, бо ҳам роҳҳои қонунии расондани интиқодҳо ва пешниҳодҳо ба ҳукуматро пайдо кунем ва даст ба амалҳои ғайриқонунӣ назанем, агар мехоҳед бо ҳам бошем. Вале агар гӯед, ки роҳи интихобкардаи ҳизби наҳзати исломӣ ғалат аст ва сиёсати сабру таҳаммули он иштибоҳӣ аст ва ягона роҳ ба майдон кашидани мардум аст, дониста бошед ва ошкор мегӯем, ки мо дар интихоби ин роҳ бо шумо нестем."

Манзури оқои Кабирӣ аз "амалҳои ғайриқонунӣ" рӯшан нест, вале ӯ дар айни ҳол гуфтааст, ки "баргузор кардани гирдиҳамоӣ (тазоҳурот) ҳаққи табиъӣ ва қонунии ҳар шаҳрванд аст."

Ин дар ҳолест, ки ӯ ҳеч арзёбӣ ё интиқоде аз иқдомоти давлат барои ҷилавгирӣ аз тазоҳурот, аз ҷумла тамрини пулиси зиддишӯришии мусаллаҳ, бастани садҳо сойти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ матраҳ насохта, ҳарчанд фаъъолияти имом-хатибон дар ин заминаро накӯҳиш кардааст.

Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ аз "дӯстоне, ки дар дохилу хориҷ мегӯянд, ки интихобот дигар фоида надорад ва аз қабл тарроҳӣ шудааст", хоста, ки ин зеҳниятро иваз кунанд ва аз интихоботи порлумонии оянда ба унвони "фурсате муассир барои ислоҳи вазъият" истифода кунанд.

Дар айни ҳол, оқои Кабирӣ аз мақомот хоста, ки зомини багузории интихоботи шаффоф бошанд: "Агар Худое нахоста, ҳукумат ҳамон сиёсатҳояшро давом дод, ба ҳарфи мову шумо гӯш надод, дар маъракаи интихоботӣ фишор овард ва раъйи мардумро тақаллуб кард, дигар мову шумо аз имконоти қонунӣ истифода барем ва якҷоя дар чорчӯби қонун ва фарҳанги сиёсӣ эътирозоти худро ба мақомот бирасонем."

Матолиби муртабит