ҲНИТ аз афзоиши аъзои 'моил ба иқдомоти эътирозии' худ хабар дод
Image copyrightBBC World ServiceТеъдоди аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки хоҳони даст задан ба эътирозоти умумӣ ҳастанд, дар як соли ахир панҷ маротиба афзоиш ёфтааст.
Тибқи як назарсанҷии масъулони ин ҳизб, агар як сол қабл дар пайи фишорҳо алайҳи ин ҳизб танҳо панҷ дарсад аз аъзои ҲНИТ хостори анҷоми иқдомоти эътирозӣ буданд, имсол ин рақам ба 26 дарсад расидааст.
Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, бо таъйиди ин хабар гуфт, ки риёсати ҲНИТ пайваста миёни аъзо ва ҷонибдорони худ назарсанҷиҳое анҷом медиҳад ва дар робита бо масоили мухталиф мавзеъи аъзои худро мушаххас мекунад.
Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, назарсанҷии ахир нишон дода, ки дар миёни аъзои ин ҳизб теъдоди афроде, ки аз мавқеъияти таҳаммулпазирӣ ба самти эътирозот рӯй овардаанд, афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, дар миёни ҷонибдорони эътирозот умдатан ҷавонон ҳастанд, вале аъзои солманд низ дида мешаванд. Вай афзуд, ки дуруст баъд аз анҷоми ин назарсанҷӣ бо бархе аз аъзои ҲНИТ мулоқот карда ва ҳамакнун мутмаин аст, ки ин рақам коҳиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе Муҳиддини Кабирӣ бо масъулони бахши равобит бо уламои ҲНИТ дидор ва гуфтугӯ карда ва аз онҳо хоста буд, ки дар расонаҳои гурӯҳӣ бештар матолиби таҳлилӣ ва ақидатӣ таҳия ва мунташир кунанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон умдатарин ҳизби мухолифи давлат аст, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ (1992-1997) нерӯи аслии мухолифони давлатро ташкил медод.
Баъд аз имзои Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон ҲНИТ муҷаддадан дар Тоҷикистон фаъъолияти расмии худро оғоз карда ва ҳамвора дар интихоботи порлумонӣ соҳиби ду курсӣ мешавад.
Вале масъулони ҲНИТ пайваста иддиъо доранд, ки дар интихобот раъйи бештаре ба даст меоваранду сипас онҳо ба “сирқат” бурда мешаванд.
Аз сӯйи дигар, бо наздикшавии замони интихоботи порлумонии соли оянда дар Тоҷикистон тайи як соли ахир тавассути шабакаҳои телевизиюнии давлатӣ ва нашрияҳои расмӣ матолибе мунташир мешаванд, ки дар онҳо аз фаъъолияти раҳбарон ва аъзои ҲНИТ ҳамвора интиқод мешавад.
Ин матолиби ба гуфтаи мухолифон “таблиғотӣ” ба ҳадде расида, ки ҳатто зимни намоиши барномаҳое, ки дар онҳо аз рафтори маҳрамонаи имом-хатибони масоҷид қисса мешавад, муҷриёни телевизиюнҳои давлатӣ онҳоро ҳамеша аз аъзои ҲНИТ муъаррифӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қавонини Тоҷикистон имом-хатибони масоҷид ҳақ надоранд узви ҳизбе бошанд. ҲНИТ пайваста баъд аз намоиши ин барномаҳо пахши онҳоро маҳкум карда ва изҳор медорад, ки ин “қаҳрамонҳо” узви ҲНИТ нестанд.
Вале, бо вуҷуди ин, шиддати чунин “таблиғот” коҳиш наёфтааст. Аз сӯйи дигар, бархе аз тарафдорони давлат пайваста мардумро ҳушдор медиҳанд, ки ҲНИТ аз омилони аслии ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон буда ва дар сурати пирӯзӣ дар интихобот Тоҷикистон дубора вориди ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад шуд.
ҲНИТ гоҳ-гоҳе дар қиболи чунин матолиб вокуниши тунде нишон медиҳад, вале то ҳол алайҳи ин расонаҳо ва шахсиятҳо ба додгоҳ муроҷиъа накардааст. Соҳибназарон мегӯянд, ки раҳбарии ҲНИТ ба манзури ҳифзи ин ҳизб, ки танҳо ҳизби исломӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна аст, аз вокунишҳои тунд худдорӣ мекунад.
Ҳамакнун, тибқи натоиҷи назарсанҷии ахири ҲНИТ, ба назар мерасад, ки пайравони ин ҳизб низ таҳаммули ин шеваи фаъъолияти ҳизбро надоранд ва хостори эътирозот ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, ниҳоди молиёти ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон Мадисо Ҷалилов, раҳбари ҲНИТ дар ин ноҳияро, 12 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Гуфта мешавад, ки маъмурони молиёт оқои Ҷалиловро ба истифода аз манзили маскунияш ба унвони дафтари ҳизб муттаҳам кардаанд.
Худи оқои Ҷалилов ин иддиъоро рад карда ва гуфтааст, ки ҳаргиз аз манзилаш ба унвони дафтари ҳизб истифода накардааст. Вай изҳор доштааст, ки ин амр идомаи фишорҳо бар ҲНИТ аст ва аз ин иқдоми маъмурони молиёт ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
