Таҳсили 200 ҷавони тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ

  • 8 Июл, 2014
Ҷумъахон ҒиёсовImage copyrightBBC World Service
Image caption Ҷумъахон Ғиёсов иддиъо дорад, ки дар бахши адёни Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле мушоҳида намешавад

Ҳудуди 200 табаъаи тоҷик дар кишварҳои исломӣ ба таҳсилоти мазҳабӣ машғуланд.

Ин матлабро Ҷумъахон Ғиёсов, муъовини аввали раиси Кумитеи умури дини Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июл дар як нишасти матбӯъотӣ эълом кард.

Ахиран ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар даргириҳои мусаллаҳона ҳудуди 200 тан аз ҷавонони тоҷик ширкат доранд. Ва иддиъо шуда буд, ки бархе аз онҳо муҳассилини мадориси исломӣ мебошанд.

Оқои Ғиёсов афзуд, ки ба Тоҷикистон аз мадрасаҳои мазҳабии Афғонистон, Покистон, Миср ва сойири кишварҳо 2 ҳазору 929 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бозгардонда шудаанд.

Вале ба гуфтаи ӯ, аз ҷумлаи муҳассилини баргашта 23 нафар дубора барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафтаанд.

Ин масъули Кумитеи умури дин хабар дод, ки аз ҷумлаи баргаштагон 49 нафар дар мадорис, 8 нафар дар муассисаҳои таълимии мазҳабӣ ва омӯзишгоҳҳо, 185 нафар дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ се сол қабл баъд аз дастури Президент Раҳмон дар бораи баргардондани онҳо оғоз шуда буд.

Мақомоти тоҷик он замон иддиъо доштанд, ки ҷавонони тоҷик дар кишварҳои исломӣ омӯзиши ҷангӣ мебинанд ва баъд аз бозгашт ба ватан вазъи амниятии кишварро метавонанд хадшадор созанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахон Ғиёсов дар нишасти матӯъотии имрӯз иттилоъоти зиёде дар бораи натоиҷи ба гуфтаи ӯ хушоянди иҷрои Қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими расму маросим эълом кард.

Ба гуфтаи ӯ, аз замони иҷрои ин қонун мардуми Тоҷикистон ҳудуди 330 милюн сомонӣ сарфаҷӯйӣ кардаанд, ки "барои беҳбуди вазъи хонаводаҳои худ масраф мекунанд."

Ба унвони мисол, гуфта шуд, ки агар қабл аз тасвиби ин қонун барои баргузории як маросими арӯсӣ 8180 сомонӣ масраф мешуд, ҳоло ин рақам то ба 3817 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Вале таъкид шуд, ки теъдоде аз сокинони кишвар аз муфоди ин қонун норизоиятӣ карда ва пешниҳод доранд, ки бархе аз нукоти он ислоҳ шавад. Ба гуфтаи вай, дар зудтарин фурсат ин пешниҳод ба баррасии давлат ироа хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир давлати Тоҷикистон дар иҷрои маросими мазҳабӣ ва иҷтимоъӣ дар кишвар маҳдудиятҳое роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла аз чанд пеш сол бад-ин сӯ хондани намоз дар маҳаллоти “ҷамъиятӣ” мамнӯъ шудааст.

Масъулони Кумитаи умури дин хабар доданд, ки барои нақзи ин муқаррарот 22 парвандаи идорӣ боз шуда ва афроди муттаҳам ба тахаллуф ҷарима шудаанд.

Масъулони Кумитеи умури дини Тоҷикистон ҳамзамон аз намоиши наворҳои видеуии ба истилоҳ “Нури наҳзат” шадидан интиқод карда ва изҳор доштанд, ки бояд аз ин амр ҷилавгирӣ шавад.

Матолиби муртабит