Абдулқодирзода: 'Масҷиди марказиро худамон бозсозӣ мекунем'

  • 4 Июл, 2014

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки музокирот бо намояндаҳои як ширкати туркӣ барои бозсозии сохтмони масҷиди марказии Душанбе бидуни натиҷа анҷом ёфтааст.

Вай афзуд: "Ба ин далел тасмим шуд, ки умури бозсозии ин масҷид бо истифода аз маболиғи сармоягузорони дохилӣ сурат бигирад. Ҳоло бозсозии боми ин сохтмон анҷом шуда ва дар сурати ба даст омадани маблағи изофӣ тармими қисмати боқимондаи биноро анҷом медиҳем."

Оқои Абдулқодирзода аз ифшои маблағе, ки барои бозсозии комили масҷиди Имом Тирмизӣ лозим аст, худдорӣ кард. Вале афзуд, ки теъдоди сармоягузорони дохилӣ зиёд аст ва ин мушкил ҳалли худро хоҳад ёфт.

Сохтмони масҷиди Имом Тирмизӣ дар маркази шаҳри Душанбе, ки идораи Маркази исломии Тоҷикистон низ дар он ҷо воқеъ аст, дар даҳаи 1990-и мелодӣ анҷом шуда буд.

Вале ин сохтмон то ҳол ба умури бозсозӣ ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки дар қисмати дигари маркази шаҳри Душанбе бо сармояи давлати Қатар ва Тоҷикистон сохтмони бузургтарин масҷид дар Осиёи Миёна идома дорад.