'Телевизиюнҳои давлатӣ ҳаққи мардум ба дарёфти хабарро нақз мекунанд'
Image copyrightBBC World ServiceТелевизиюни "Сафина", яке аз чаҳор шабакаи давлатӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба далели "фарҳангӣ" будани барномаҳояш, аз пӯшиши муноқиша дар марз бо Қирғизистон худдорӣ кардааст.
Карими Азиз, муъовини раиси ин шабака, дар нишасти хабарие, ки рӯзи панҷшанбеи 16 январ баргузор шуд, ин матлабро дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи пӯшиш наёфтани ихтилофоти ахири марзӣ баён кард.
Вай гуфт: "Аввал ин ки телевизиюни мо бештар фарҳангӣ аст. Тибқи муҷаввизе, ки мо гирифтем, ин телевизиюн барои таҳияи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ таъсис шудааст."
Оқои Азиз афзуд, ки танҳо дар сурати расидани хабари расмӣ аз мақомот дар мавриди қазияи рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон телевизиюни "Сафина" метавонад хабаре дар ин бора пахш кунад.
Вай гуфт: "Марзбонони ду кишвар ба сӯи ҳамдигар тирпаронӣ кардаанд, ин масъалаи ҷиддии сиёсӣ аст ва он бояд аз тарафи мақомоти қудратӣ, аз ҷумла вазорати дифоъ ва вазорати умури дохилӣ, ҳал шавад."
Ба суоли хабарнигорон дар ин бора, ки масъулони телевизиюни "Сафина" оё дастуре аз мақомот дар мавриди пӯшиш надодани муноқишаҳои марзӣ гирифтаанд, оқои Азиз гуфт: "Мақомот дар ин бора ҳеҷ дастур ва ё амре ба раҳбарии ин шабака надодаанд, аммо дар сурати ҳалли ин муноқиша мо омода ҳастем аз натиҷаи он ба бинандаҳои худ хабар диҳем."
Ин мавзӯъ дар нишасти матбӯъотии масъулони телевизиюни "Сафина" дар ҳоле матраҳ шуд, ки ҳамаи телевизиюнҳо ва родиҳои давлатии Тоҷикистон аз пӯшиши хабарии муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон худдорӣ кардаанд.
Ҳатто "Шабакаи аввал" ва "Ҷаҳоннамо", ки шабакаҳои давлатии хабарӣ буда ва тақрибан дар саросари Тоҷикистон қобили дастрасӣ ҳастанд, аз пӯшиши хабарии ин қазия худдорӣ кардаанд. ин амр боъис шуда, ки бисёре аз сокинон дар бораи ин масоили бисёр муҳим иттилоъ наёбанд.
Ин амр ба интиқодоти густардае дар миёни мардум доман зада ва бисёре аз сокинон масъулиятшиносии расонаҳои давлатиро зери суол бурдаанд. Фарҳод Зикиров, як ҷавони сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки дар бора муноқишаи марзӣ аз интернет хабардор шудааст.
Аммо вай дақиқан намедонад, ки мушкили аслӣ дар ин қазия чист ва чаро марзбонҳои тоҷику қирғиз ба сӯи ҳамдигар тир андохтаанд. Вай гуфт: "Ҳар кас бояд кори худашро анҷом диҳад ва сиёсатмадорони тоҷик бояд ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли ин моҷароро пайдо кунанд."
Фирӯза Бердиева, як сокини дигари шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки манбаъи асосии дарёфти иттилоъ дар бораи вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барои ӯ низ интернет ва расонаҳои хабарии хориҷӣ будаанд. Вай бавижа дар ин бора аз шабакаҳои телевизиюнии Русия огаҳ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинон мегӯянд, ки онҳо шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистонро аслан тамошо намекунанд, зеро онҳо барномаҳои ҷолиб надоранд ва ахбори муҳимро пахш намекунанд.
Гуландом Асророва, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд: "Ман аслан телевизиюни Тоҷикистонро тамошо намекунам. Телевизиюнҳои мо ба ҷуз рақсу суруд дигар барномаҳои ҷолиб надоранд. Аслан ахбори ҷаҳон ва Тоҷикистонро ман бештар аз интернет мехонам."
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон бо худдорӣ аз пӯшиши хабарии ин қазия ҳаққи шаҳрвандон ба дарёфти иттилоъ дар бораи ин ҳаводиси муҳимро зери по гузоштаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, ҳамаи шабакаҳои телевизиюн ва родиюи давлатӣ маболиғи ҳангуфте аз будҷеи давлат дарёфт мекунанд, ки аз пули молиёти мардум фароҳам мешавад.
Зимнан, тайи рӯзҳои гузашта дар ҳоле ки мақомоти мухталифи Қирғизистон баёнияҳои зиёде дар расонаҳо дар бораи вазъияти марз бо Тоҷикистон интишор додаанд, мақомоти тоҷик аз ибрози назар дар ин бора ҳамвора худдорӣ кардаанд.
Дирӯзи Ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, низ дар баёнияе аз "хомушии" мақомоти ин кишвар дар бораи муноқишоти марзӣ дар минтақаи байни Исфара ва Бодканд интиқод кард.
Ин ҳизб навишт, ки "бо истифода аз хомушӣ ва ё камфаъолиятии" масъулину ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон мақомоти кишвари ҳамсояи Қирғизистон "фазои иттилоъотиро бо маълумотҳо ва тафсирҳои яктарафа" пур кардаанд, ки ин "боъиси натиҷагириҳои ғалат аз моҳияти масъала" хоҳад гашт.
Бисёре мегӯянд, ки ҳаводиси чанд рӯзи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар ба як "ҷанги расонаӣ" мемонд, ки дар он танҳо расонаҳои кишвари ҳамсоя ва ҳизбҳои сиёсии ин кишвар "паҳлавони майдон буданд" ва ба таври густарда ҷониби Тоҷикистонро дар ин қазия гунаҳкор медонистанд.
Абдумуъмин Шарифӣ, ҳунарпешаи теотр, ки низ аз адами пӯшиши ин қазия дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон норозӣ аст, мегӯяд, ки сиёсатмадорони тоҷик бояд дар ҳалли ин масъала хираду ҳушёриро пеша кунанд.
Вай афзуд: "Кадоме аз мардуми дунё мехоҳад, ки мулкаш ободу хонааш амн набошад? Агар як қисме аз бадани инсон мариз ё захм пайдо кунад, агар пеши онро сари вақт нагирӣ, ҳама ҷисму рӯҳ нороҳат ё хароб хоҳад шуд. Ҳайф аст, агар давлати мо дар ин гиру дорҳо аз манфиъати худ ҳимоят карда натавонад."
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 11 январи соли ҷорӣ муташанниҷ шуд. Дар даргирие, ки байни марзбонони кишвар он рӯз рух дод, ҳашт марзбон аз ҳарду тараф захмӣ шуданд.
Ҷониби Қирғизистон иддаъо дорад, ки марзбонони тоҷик дар минтақаи Хоҷа Аъло ба сӯйи марзбонони қирғиз гугӯла шиллик карда ва 6 нафар аз марзбонони ин кишварро захмӣ кардаанд.
Аммо мақомоти тоҷик рӯзи аввал гуфта буданд, ки алорағми тавофуқот ҷониби Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон роҳи мошингард месохт ва марзбонони қирғиз вориди ин минтақа шуда ва ба сӯйи марзбонони тоҷик тир андохтаанд, ки дар натиҷа ду сарбози тоҷик захмӣ шудаанд.
Аҳзоби наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукрот, ду ҳизби умдаи мухолифи давлат дар Тоҷикистон, бо судури баёнияҳое марзбонони кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба таҳрики муноқиша муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки даргирии рӯзи 11 январ дар дохили қаламрави Тоҷикистон рӯй додааст.
