Ҳушдори Раҳмон дар мавриди барҳам додани Ожонси зиддифасод

  • 19 Феврал, 2015
РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Раҳмон мегӯяд: “Ман хулоса баровардам, ки чӣ қадар сохторҳои назоратӣ зиёд шаванд, ҳамон қадар сатҳи коррупсия (фасод) зиёд мешудааст”

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар сурати ислоҳ нашудани навоқиси ҷиддӣ дар фаъолияти Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод ин ниҳодро барҳам хоҳад дод.

Дар навори видеуӣ аз ҷараёни ҷаласаи васеъи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоъии Интернет мунташир шудааст, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: "Вақте худи командони Агентии (Ожонси) зидди коррупсия (фасод) худ даст ба коррупсия (фасод) мезананд, ин чӣ гуна сохтор асту чӣ гуна методи (равиши) қабули (истихдоми) кормандон аст?"

Оқои Раҳмон мегӯяд: "Ман хулоса баровардам, ки чӣ қадар сохторҳои назоратӣ зиёд шаванд, ҳамон қадар сатҳи коррупсия фасод зиёд мешудааст."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Ожонси мубориза бо фасоди кишварро ба кашол додани тафтишҳо ва эъломи натоиҷи онҳо ва суиистифода аз бозрасиҳо барои гирифтани ришва муттаҳам кардааст.

Ӯ гуфтааст: "Натиҷаи санҷишро дар даруни дипломат нигоҳ дошта, савдо мекунед. Ҳамин қадар медиҳед, ман ба шумо навишта медиҳам. Ё пеш аз санҷиш рафтан, ман омада истодаам, тайёриатонро бинед. Ман барои чӣ имрӯз бо эҳсосот дар ин бора гап мезанам? Чунки ман худам ин сохторро ташкил додам. Бо дасти худам ин сохторро дар ВУД (вазорати умури дохилӣ) барҳам додам."

Президент Раҳмон ба “санҷишҳои ғаразнок” ба хотири дарёфти ришва аз сӯйи кормандони ожонс ишора карда ва гуфтааст: "Мераванд, раисро маҷбур мекунанд, ки (барои) се кас ба ман замин медиҳӣ. Не, ки гуфт, тамом. Чаҳор раиси ҷамоъат аз дасти кормандони коррупсия (ожонси зидди фасод) ва прокуратура (додситонӣ) ба хориҷ гурехтаанд."

Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина мисоли мушаххасе овардааст, ки як корманди Ожонси мубориза бо фасод дар се моҳи фаъъолияти худ як раиси ҷамоъатро дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳид карда ва брои се пайвандаш қитаъоти замин гирифтааст.

Оқои Раҳмон гуфтааст: "Гирду атрофи Душанбе теппа намондааст, оқибат чӣ мешавад? Мардуми бечораю камбағал замин мегирад? Не! Агар ҳамин методи (равиши) коратон бошад, хубаш, ки ин сохтор набошад. Ба кӣ даркор?"

Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар соли 2007 бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва Шерхон Салимзода раиси он таъйин шуда буд. Баъдан оқои Салимзода ба симати додситони кул мансуб ва дар ин симат Абдуфаттоҳи Ғоиб ҷогузини ӯ шуд.

Зимнан, шоми гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармонҳое муъовини аввал ва муъовинони раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистонро барканор кард.

Бино ба иттилоъи торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, "ин тағйироти кодрӣ дар асоси эродҳои президент дар ҷаласаи васеъи Шӯрои амнияти кишвар ва ба далели камбудию норасоиҳои ҷиддии роҳдодаи онҳо" сурат гирифтааст.

Тибқи фармонҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҳир Ҷобирзода, муъовини аввал, Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишоев, муъовинони раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди ин кишвар, аз симатҳои худ барканор шудаанд.

Ин манбаъ хабар дода, ки бар асоси дастури Президент Раҳмон, Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон Муҳаммад Арбобов, додситони вилояти Бадахшон, Шариф Қурбонзода, Сироҷиддин Нурзода ва Мирзошариф Шарифзода, додситонҳои вилоёти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанберо низ барканор кардааст.

Матолиби муртабит