Раҳмон фасодро "кирдори хатарноки зиддидавлатӣ" хонд

  • 18 Феврал, 2015
РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Президент Раҳмон алайҳи фасод, терурисм ва ифротгароӣ "муборизаи беамон" эълом кардааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз фасод ба ҳайси "кирдори хатарноки зиддидавлатӣ" ном бурда ва гуфтааст, ки ин амали нангин ба эътибори давлат дар дохил ва хориҷи кишвар латма мезанад.

Ин суханони Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зуҳри сешанбеи 17 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон садо дода, ки дар он масоили марбут ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо фасод ва таъмини қонунмандӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ баррасӣ гардидааст.

Оқои Раҳмон дар ин ҳамоиш, ки даҳ рӯз қабл аз интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон доир шуда ва бисёре онро навъе таблиғот хондаанд, ниҳодҳои зирабти давлатиро ба таҳкими интизоми молӣ, истифодаи муассир аз маболиғи будҷе ва ташдиди мубориза алайҳи фасод фаро хондааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон ба мавориди зиёди фасод ба ҳангоми тавзеъи қитаъоти замин барои бунёди манозил ва пардохти маъоши маълулон таъкид карда ва ба масъулони зидахл дастур додааст, то дар ин бахшҳо мубориза бо фасодро ташдид кунанд.

Президент Раҳмон хостори бозгардондани комили маболиғи молии ошкоршуда шуда, аз як модда ба моддаи дигар гузарондани хароҷоти будҷеро мамнӯъ карда ва гуфтааст, ки ин маболиғ бояд ба будҷе бозгардонда шавад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомҳои интизомии ин кишвар гуфт, ки ҳатто агар хешовандони худи ӯ низ ба ҷурме даст зананд, бояд алайҳи онон "чораандешӣ" кунанд: "Ҳатто аз номи президент низ сӯиистифода мекунанд. Ҷияни (хоҳарзодаи) ман ҳам бошад, бибаред, назди қонун ҷавоб гӯяд. Қонун барои ҳама як аст."

Дилмурод Давлатзода, раиси Девони муҳосиботи Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои амният гузориш додааст, ки ин ниҳод дар зарфи ду соли фаъъолият беш аз 85 милюн сомониро ба будҷеи давлатӣ бозгардондааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Давлатзода, дар ҷараёни бозрасии фаъъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 15 милюн сомонӣ хисороти молӣ ошкор шуда ва аз ин миқдор 10 милюн сомонӣ ба будҷе ворид гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Девони муҳосибот дастур додааст, то ҳамасола фаъъолияти молии Бонки миллии Тоҷикистонро бозрасӣ кунад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, низ аз фаъъолияти панҷсолаи ин ниҳод ва аз ошкор шудани ҳудуди як милёрд сомонӣ хисороти молӣ дар ҳангоми бозрасиҳо ва ба будҷе бозгардондани 600 милюн сомонӣ гузориш додааст.

Барканории додситонҳо

Президент Раҳмон ба навоқиси ҷиддӣ дар фаъолияти Додситонии кулли Тоҷикистон ишора карда ва ба Юсуф Раҳмонов, додситони кул, дастур дода, ки муъовинонаш ва додситонҳои вилоятҳоро иваз кунад.

Дар пайи ин дастур оқои Раҳмонов Мирзошариф Шарифзода, Шариф Қурбонзода, Сироҷиддин Нурзода, Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситонҳои шаҳри Душанбе ва вилоёти Суғду Хатлон ва Бадахшонро аз симатҳояшон барканор кардааст. Дар авохири моҳи гузашта Шерхон Салимзода аз аз симати додситони кул барканор ва оқои Раҳмонов ба ин симат мансуб шуда буд.

Тибқи иттилоъи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар зарфи панҷ соли ахир дар ин кишвар 11 ҳазору 741 адад ҷароими марбут ба фасод сабт шуда, аз ин ҷумла, беш аз чаҳор ҳазор ҷиноят аз ҷониби кормандони интизомӣ ошкор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар канори фасод алайҳи терурисму ифротгароӣ "муборизаи беамон" эълом кардааст.

Ӯ ба вазири умури дохила дастур додааст, ки "дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мардум бевосита мулоқотҳо доир намояд, то ки арзу доди онҳоро, аз ҷумла доир ба қонуншиканиҳои худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намояд".

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки дар остонаи интихоботи порлумонии ин кишвар доир шуд, аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, ҳайъати роҳбарии Девони муҳосибот ва Ожонси мубориза бо фасод, роҳбарони ниҳодҳои амниятию интизомӣ ва вазорату идораҳои дигар ширкат доштанд.

Интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон аввали март баргузор мешавад. Дар он ҳудуди 290 номзад ба курсии порлумон аз ҳашт ҳизби сиёсии расмӣ ва номзадҳои мустақил ширкат мекунанд. Садҳо номзад ба маҷолиси маҳаллӣ дар шаҳрҳо, навоҳӣ ва вилоёт низ бо ҳам рақобат мекунанд.

Нозирон мегӯянд, ки муборизоти интихоботии Тоҷикистон дар фазое орӣ аз шӯру ҳаяҷон мегузарад ва бо таваҷҷуҳ ба кунтрули шадиди телевизиюнҳои давлатӣ, ки василаи таблиғ дар дасти раиси ҷумҳур маҳсуб мешаванд, бештари мардум дар бораи номзадҳо ва аҳзоби сиёсии мухолиф чандон иттилоъе надоранд.

Бо ин ҳол, ба назар мерасад, ки мақомоти тоҷик нисбат ба амнияти ин кишвар дар остонаи интихоботи порлумонӣ ва аҷолиси маҳаллӣ чандон итминони хотир надоранд. Оқои Раҳмон ҳамвора аз густариши ифротгароӣ дар миёни ҷавонони тоҷик ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ҳудуди 200 нафар аз ҷавонони тоҷик дар саффи шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумори ин афродро наздики ҳазор нафар медонанд.

Баъд аз хуруҷи нерӯҳои Ноту аз Афғонистон ва бо таваҷҷуҳ ба муроқибати номуассир аз марзи Тоҷикистон бо ин кишвар, мақомоти тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна бо хатари нуфузи исломгароёни тундрав аз Афғонистон мувоҷеҳ ҳастанд. Фақру фасоди густарда дар ин кишварҳо заминасози бесаботӣ хонда мешавад.

Мухолифони оқои Раҳмон, ки 23 сол боз зимоми қудратро дар даст дорад, ӯро ба тамаркузи қудрат, хешу қавмпарастӣ ва саркӯби мухолифонаш муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки наздикону пайвандони ӯ дар ду даҳаи гузашта умдатарин манобеъи сарвати миллиро ба кунтрули худ даровардаанд.

Ин дар ҳолест, ки садҳо ҳазор нафар аз атбоъи ин кишвар ба далели бекорӣ ва надоштани даромади кофӣ ҳамасола барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия муҳоҷират мекунанд.

Матолиби муртабит