СММ тарҳҳои тавсеъаи Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад
Image copyrightBBC World ServiceСозмони Милал дар садад аст, дар чорчӯби Барномаи қолабии "Мададрасонӣ бо Ҳадафҳои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) барои солҳои 2016-2020" 12 тарҳи ҷадидро рӯйи даст бигирад.
Александр Зуев, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ ва ҳамоҳангсози фаъолияти Созмони Милал дар Тоҷикистон, шоми душанбеи 9 феврал, зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст,ин барнома бояд бо Истротежии ҷадиди рушди ин кишвар, ки дурнамои тавсеъаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро то солҳои 2020 ва 2030 пешбинӣ мекунад, ҳамоҳанг шавад.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан ин кишвар бо 23 ниҳоди Созмони Милал ҳамкорӣ карда, дар зарфи солҳои 1010 то 2014 ниҳодҳои СММ ҳудуди 100 тарҳро, ки ҳазинаи умумиаш 346 милюн дулор аст, дар маърази иҷро гузоштаанд.
Ин тарҳҳо барои бахшҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, беҳдошт, ҳифзи иҷтимоъии мардум, кишоварзӣ, рафъи авоқиби табиъӣ ва ғайра тавзеъ шудаанд.
Президент Раҳмон ба навбаи худ аз кумакҳои билоивази Созмони Милали Муттаҳид ва мусоъидати ин созмон дар рушди иҷтимоъию иқтисодии Тоҷикистон ибрози сипос кардааст.
Ӯ гуфтааст: "Мо ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро дар ҷодаи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола ба таври мусбат арзёбӣ менамоем, зеро дар чаҳорчӯбаи он Стратегияи миллии рушди кишвар қабул гардида, ба хотири таъмини рушди устувор ва боло бурдани некуаҳволии мардум дар амал бомуваффақият татбиқ мешавад”.
Дар ин мулоқот, ҳамчунин, Николас Оберлин, намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ , Виорел Гутсу, намояндаи Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ , Лучиа Элмӣ, кафили намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ ва Павел Урсу, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ ширкат ва изҳори андеша кардаанд.
