Тадобир барои коҳиши асароти авомили хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceДар ҷаласаи давлати Тоҷикистон ба “истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ ва амалӣ кардани тадбирҳои муассир барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна” таъкид шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукумат дастур додааст, то ба манзури муқобала бо асароти манфии авомили хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар тарҳи тадобири зиддибӯҳронӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шавад.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, дар ин ҷаласа гузориши Вазорати кишоварзӣ дар мавриди раванди иҷрои фармони раиси ҷумҳурӣ аз 27 августи соли 2007 дар бораи иттихози тадобири иловагӣ барои рушди боғпарварӣ дар солҳои 2010-2014 матраҳ шудааст.
Тибқи ин гузориш дар зарфи 5 соли ахир дар Тоҷикистон майдони боғҳо ба андозаи 53 ҳазору 562 ҳектор густариш пайдо кардааст.
Президент Раҳмон дастур додааст, то дар оянда низ боғҳои ҷадид бунёд шуда ва ба ин васила мизони содироти меваю сабзиҷот аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ афзоиш ёбад.
Дар ҷаласаи давлати Тоҷикистон Барномаи давлатии сармоягузориҳо, кумакҳои билоиваз ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2015-2017 ва таҳияи тарҳи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2018 низ баррасӣ шудааст.
