Мулоқоти Раҳмон бо муъовини вазири дифоъи Русия
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон бо Анатолий Антонов, муъовини вазири дифоъи Русия дидор ва дар бораи ҳамкориҳои дифоъӣ ва низомии миёни ду кишвари Русия ва Тоҷикистон гуфтугӯ кард.
ДАр иттилоъияи вебсойти расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин дидор омадааст: "Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, хусусан барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ва таҳкими омодагии зиддитеррористӣ баррасӣ шуд."
Бино ба навиштаи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои тавофуқоти дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар чорчуби фаъъолиятҳои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар меҳвари ин гуфтугӯ қарор гирифтааст.
