Барқияи таслияти Президент Раҳмон ба мардуми Фаронса
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли барқияе ба раиси ҷумҳури Фаронса ҳамдардии мардуми кишварашро дар робита ба кушта шудани 12 шаҳрванди он кишвар дар як ҳамлаи теруристӣ иброз кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин барқия, ки унвонии Фронсуа Улонд ирсол шуда, ин ҳамларо шадидан маҳкум карда ва онро “ҳамлаи ғаддоронаи теруистӣ” хондааст.
Тибқи иттилоъи торнамои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Раҳмон дар ин нома ҳамчунин гуфтааст: “Ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин “вабои аср” бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамеша ҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин падидаи фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд.”
Оқои Раҳмон аз Президенти Фароса хоҳиш кардааст, ки ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба пайвандони афроде, ки дар ин амали теруристӣ кушта шуда, бирасонад.
