Барканории Раҳимзода ва Асозода аз вазоратҳои иқтисод ва таробарӣ

  • 3 Феврал, 2015
РаҳимзодаImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Раҳимзода аз симати вазири рушди иқтисод ва тиҷорат барканор шуд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармонҳое ду нафар аз вазирони калидии кобинеро барканор ва афроди дигареро ҷойгузини онҳо кард.

Аз ҷумла, Шариф Раҳимзода аз симати вазири рушди иқтисод ва тиҷорат барканор ва Неъматулло Ҳикматуллозода ба ин симат мансуб шуд.

Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 3 феврал хабар дод, ки сабаби барканор шудани оқои Раҳимзода "ба кори дигар гузаштани вай" аст.

Ҳамчунин, Хайрулло Асозода аз вазорати таробарии Тоҷикистон барканор ва Шералӣ Ганҷалзода ба ин симат мансуб шуд. Оқои Ганҷалзода пеш аз ин муъовини вазири роҳу таробарӣ буд.

Сабаби барканории оқои Асозода низ ба кори дигар гузаштани ӯ унвон шудааст.

Президент Раҳмон ҳамчунин бо судури фармонҳое ҳисобдори дафтари риёсати ҷумҳурӣ, бархе аз раисони навоҳӣ ва шаҳрҳои мухталиф дар вилоёти Суғд ва Хатлон ва раиси кохи “Борбад”, воқеъ дар шаҳри Душанберо, низ иваз кардааст.

Ба навиштаи торнамои риёсати ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот бо раҳбарони ҷадид оқои Раҳмон аз онҳо дархости "фаъъолияти пурсамар барои халқу ватанро" кардааст.

Ҳамчунин, дар ин хабар омадааст: "Аз ҷумла дар назди вазирони нави иқтисоду савдо (тиҷорат) ва нақлиёт доир ба андешидану амалӣ намудани чораҳои зиддибуҳронӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ (иртибототӣ) вазифаҳои мушаххас гузошта шуд."

Ҳафтае қабл Шерхон Салимзода аз симати додстони кулли Тоҷикистон барканор ва Юсуф Раҳмонов ҷойгузини ӯ шуда буд. Торнамои риёсати ҷумҳурӣ сабаби барканории оқои Салимзодаро шарҳ надодааст.

Матолиби муртабит