Ситоиши Раҳмон аз фаъъолияти ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон

  • 26 Декабр, 2014
РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Президент Раҳмон аз фаъъолияти ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ситоиш кард (Акс аз торнамои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон)

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои ниҳодҳои амниятии ин кишвар дар роҳи мубориза алайҳи гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротгаро, ки "қасди роҳандозии амалиёти мудҳиш дар Тоҷикистонро доштанд", ситоиш кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон дар ин бора рӯзи ҷумъаи 26 декабр зимни дидор бо мақомоту кормандони Кумитеи давлатии амнияти миллии ин кишвар ибрози назар кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон омодасозии кодрҳои баландихтисос ва боло бурдани "маҳорату малакаи касбии кормандон ва сохторҳои махсус ва муборизаи беамон бо ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, хусусан, терурисму ифротгароӣ"-ро аз вазоифи аввалиндараҷаи Кумитеи давлатии амнияти миллӣ хондааст.

Зимнан, мубориза алайҳи теруррисму ифротгароӣ ва ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия, Афғонистон ва Ироқ аз мавзӯъоти мавриди баҳс дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ маҳсуб мешавад.

Аҳмад Бадриддин Ҳасун, муфтии аъзами Сурия, дар як суханронӣ дар авохири соли гузашта теъдоди атбоъи Тоҷикистонро, ки дар ҷангҳо алайҳи давлати Башор Асад ширкат доранд, 190 нафар арзёбӣ карда буд.

Женерол Искандар Солеҳзода, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, низ дар суҳбат бо хабарнигорон дар бинои порлумон дар ҳафтаи гузашта таъкид кард, ки ҳудуди 200 тан аз атбоъи тоҷик дар ҷангҳои Сурия ширкат дошта ва асомии 50 нафари онҳо мушаххас ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ислоҳ шуда, барои ҷалб ва ширкати ғайриқонунии атбоъи тоҷик ба амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ муҷозот таъйин шуд.

Тибқи ин санад, ба ҳангоми таъйини ҷазо барои ин амал мизони ҷазо дар кишваре, ки шаҳрванди тоҷик дар амалиёти ҷангӣ дар он ширкат кардааст, дар назар гирифта мешавад.

Масалан, дар моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон се шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷангҳои Сурия бар асоси қавонини ин кишвар ба муддати ду сол равонаи зиндон кард.

Ахиран дар расонаҳо ва шабакаи Ютюб видеуе пахш шуд, ки нишон медод ду нафар худро тоҷик муъаррифӣ карда ва гуфтанд, ки дар суфуфи ҷудоихоҳони вилояти Донбасси Укройн алайҳи нерӯҳои давлати ин кишвар меҷанганд, аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддиъоро рад карданд.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи толори ҷадиди варзишии ин кумите, ки бо таҷҳизоти мудерни варзишӣ, гармобаю бунгоҳи тиббӣ муҷаҳҳаз аст, ширкат кардааст.

Дидори Президент Раҳмон аз Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни ҳирфаии кормандони ин ниҳод ва дар остонаи Соли нави мелодӣ анҷом шуд.

Матолиби муртабит