Барқияи тасаллияти Раҳмон ба шоҳи Арабистони Саъудӣ

  • 23 Январ, 2015

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Малик Абдуллоҳ бини Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саъудӣ барқияи тасаллият ирсол кардааст.

Торнамои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 23 январ менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома аз шоҳи фақид ба унвони дӯст ва бародари мардуми тоҷик ёдовар шудааст.

Ҳамчунин оқои Раҳмон гуфтаст: “Бо реҳлати ӯ мо бародари азизи мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи халқҳои мусулмонро аз даст додем, ки дар назди Уммат хидматҳои бузургеро адо намуда буд ва дар масоили тақдирсози он ҳамеша мавқеъи қотеъ дошт.”

Малик Абдуллоҳ бини Абдулазиз, подшоҳи Арабситони Саъудӣ, субҳи рӯзи ҷумъаи 23 январ дар синни 90-солагӣ даргузаштааст. Бо марги Малик Абдуллоҳ, бародари ӯ Малик Салмон, 79-сола, подшоҳии Арабистони Саъудиро ба уҳда мегирад.